Дар ҳоле ки сокинони баъзе аз минтақаҳо аз камбуди об шикоят мекунанд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо телевизиони Созмони Милал гуфт, "Тоҷикистон мушкили об надорад".
Баръакс, ба қавли ӯ, аз тамоми обе, ки дар кишвар ба вуҷуд меояд, ҳамагӣ панҷ дарсад дар дохил истифода мешаваду бас.
“Барои мо ҳамин басанда аст. Кишвари мо кӯҳистонӣ аст, мо замин надорем. Обро кишварҳои дигари минтақа истифода мебаранд,” – афзуд ӯ.
Президент Раҳмон барои иштирок дар нишасти бахшида ба об дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорад.
Ӯ дар суҳбат бо телевизиони Созмони Милал, ки муҳтавояшро рӯзи 24-уми март сомонаи президент нашр кард, аз обшавии босуръати пиряхҳо дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ибрози ташвиш намуд.
Ҷаноби Раҳмон гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон ба ҳаво гази гулхонаӣ сар намедиҳад, зиёни гармшавии ҳаво ва тағйирёбии башиддати иқлимро мебинад.
“Суръати обшавии пиряхҳои Тоҷикистон бештар шудаст. Дар зарфи чиҳил-панҷоҳ соли охир ҳазор пиряхи мо обу шуду рафт. Мо кишвари саноатӣ нестем, қариб ки ба ҳаво газҳои гулхонаӣ намепартоем,” – илова кард ӯ.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли камбуди об дар ҷаҳон ба Созмони Милал чандин пешниҳодҳоеро ироа карда, мизбони чанд нишасти вобаста ба об буд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 "Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон шудааст.
Таҳлилгари сиёсӣ Петер Леонард мегӯяд, вақте ташаббусҳои байнулмилалӣ аз тарафи кишварҳои худкома ва гумонбар ба саркӯби ҳуқуқу озодиҳои инсон садо медиҳанд, ба гумон аст, ки кишварҳои дигар аз онҳо пайравӣ кунанд.
“Ин ташаббус, пеш аз ҳама, намоиши Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳнаи байнулмилалӣ таъмин мекунад. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи ёрирасонҳои эҳтимолиро. Агар раҳбарияти Тоҷикистон ва ҳар кишвари дигар хоҳиши ҳалли мушкилро дошта бошад, ин корро на аз минбарҳои байнулмилалӣ, балки бо ислоҳоти дохилӣ, таъмини шаффофияти дастгоҳи ҳукуматӣ ва мубориза бо коррупсия метавонад анҷом диҳад,” – хулоса кард Темур Умаров, корманди илмии Бунёди Карнегӣ.
Гуфтугӯ