Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол миёни Теҳрон ва Толибон бар сари тақсими об боло гирифтааст


Обанбори Каҷакӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон.
Обанбори Каҷакӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон.

Дар пайи боло рафтани танишҳои лафзӣ байни сарони Эрон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон бар сари "ҳақоба" ё тақсими оби дарёи Ҳирманд, як ҳайати низомӣ аз Теҳрон рӯзи якшанбе ба Кобул рафтааст.

Мақомоти эронӣ мегӯянд, ҳукумати Толибон оби дарёи Ҳирмандро дар дохили Афғонистон нигоҳ дошта, ҳаққи Эронро намедиҳад. Аммо ҳукумати Толибон инро рад карда гуфтааст, камбуди об ба хотири хушксолӣ аст. Вилоятҳои Систон ва Балуҷистони Эрон аз оби дарёи Ҳирманд истифода мебаранд, ки аз кӯҳҳои Афғонистон сарчашма мегирад.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, ҳайати низомии ин кишвар бо раёсати Баҳром Ҳусайнӣ, муовини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар сафар ба Кобул ба Молихон Сиддиқ, муовини нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон дар бораи "ҳамкориҳои муштараки марзӣ" гуфтугӯ кардааст. Маълум нест, ки "ҳамкориҳои марзӣ" гуфта шудан дар ин гузоришҳо, шомили имкони боздиди ҳайати фаннии эронӣ аз дарёҳои марзӣ низ ҳаст ё не.

Муҳаммад Қолибоф, раиси прлумони Эрон рӯзи якшанбеи 21-уми май гуфт, паймони тақсими оби дарёи Ҳирманд "бахше аз таърихи бошукӯҳи ҳамсоягии ду кишвар аст" ва набояд хатшадор шавад ва "Афғонистон аз эҷоди мушкили ҷиддӣ дар робитаҳои ду кишвар пешгирӣ кунад".

Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон ҳафтаи гузашта ҳангоми сафар ба вилояти Сиистон ва Балуҷистон бинобар вазъияти нигаронкунандаи об барои кишоварзӣ дар ин минтақа аз Толибон хост, барои боздиди коршиносони эронӣ аз вазъи об дар рӯдхонаи Ҳирманд иҷозат диҳанд. Раисӣ бо оҳангҳои таҳдидомез гуфт, агар намояндагони онҳо кам будани обро тасдиқ кунанд, даъвое надоранд, вале агар ҳаққашон поймол шавад, ҳукумати Толибон баъдан гилоя накунад.

Пас аз ӯ Ҳасан Козимии Қумӣ, сафир ва намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон охири ҳафта дар мусоҳиба бо "Шабакаи хабар"-и ин кишвар гуфт, Эрон дар соли гузашта танҳо 27 метри мукааб об аз Ҳирманд гирифтааст.

Оқои Козимии Қумӣ афзуд, Толибон "як моҳ мӯҳлат доранд, ин амрро ҷуброн кунанд" ва агар "оби Эронро надиҳанд, ҳуҷҷат тамом аст", аммо шарҳ надод, ки манзураш аз "ҳуҷҷат тамом аст" чист ва Теҳрон чӣ нақшае барои водор кардани Толибон ба вуруди об аз Ҳирманд ба минтақаи марзии Эрон дар назар дорад.

Генерал Мубин, яке аз фармондеҳони ҷанҷолии Толибон ду рӯз пеш дар вокуниш ба "ҳушдор"-и Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон гуфт, Толибон аз таҳдидҳои Эрон ҳаросе надоранд.

Рӯзномаи "Ҷумҳурии исломӣ", чопи Теҳрон рӯзи якшанбе иддао кард, ки амалкардҳои ахири Толибон ва гуфтори онҳо дар давраҳои ахир баёнгари он аст, ки ин гурӯҳ ба ҷойи қудратҳои дигар, аз ҷумла Амрико, дар садади кашонидани Эрон ба ҷанг аст.

Ин рӯзнома афзудааст, ки сарони Толибон мехоҳанд масъулини эронӣ "дар замини онҳо бозӣ кунанд, то тавтеаи даргир шудан дар марзҳои шарқӣ амалӣ шавад". Ин рӯзнома чанд моҳ пеш додани сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба Толибонро як "иштибоҳ" номида буд.

Абдуризо Фараҷирод, яке аз сафирони пешини Эрон низ гуфт, Теҳрон дар пазируфтани Толибон "саросем шуд" ва агар "дар баробари вокуниши манфии Толибон иқдоми ҷиддӣ накунад, онҳо боҷуръаттар шуда ва мушкилоти бештаре барои Эрон эҷод хоҳанд кард".

Муҳаммад Саргазӣ, намояндаи Зобули Эрон дар порлумон ин кишвар низ барои "водор кардани Толибон ба тақсими дурусти об барои Эрон", пешниҳод кард, "ҳафт миллион паноҳандаи афғонистонӣ аз Эрон" баргардонида шаванд.

Аз сӯи дигар, ИРНА - хабаргузори расмии Эрон ба нақл аз Вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон хабар дод, ки масъулини ин вазорат дар пайи музокирот бо Ҳасан Козимии Қумӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Афғонистонро барои чор моҳи дигар тамдид карданд.

Созиши ҳақоба ё тақсими оби дарёи Ҳирманд 50 сол пеш байни Амир Аббос Ҳувайдо, нахуствазири вақти ҳукумати подшоҳии Эрон бо Муҳаммадмусо Шафиқ аз ҳукумати вақти Афғонистон дар замони президентии Муҳаммаддовудхон, имзо шуда буд.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки пеш аз Толибон дар Афғонистон ҳукуматро дар даст дошт, дар солҳои ахир дар вокуниш ба дархостҳои паёпайи ҳаққи об аз сӯи Эрон гуфта буд, Эрон бояд қимати онро монанди пули нафт бипардозад.

Дар ҳоле, ки ҷанҷол миёни Теҳрон ва Кобул ба сари тақсими оби Ҳирманд дар авҷи худ қарор дорад, Абдулғанӣ Бародар ва Абдулатиф Мансур, ду мақоми баландпояи Толибон рӯзи шанбе каналҳои обанбори Бахшобод дар Фарорудро ҳамчун "тарҳи муҳим ва ҳаётӣ" барои кишоварзии вилояти Фароҳ дар марзи Эрон, ифтитоҳ карданд.

Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар августи соли 2021 чанд дафъа миёни марзбонони эронӣ ва Толибон даргириҳо рух дода буд ва ба суръат ҳалли худро ёфт. Таниши лафзии кунунӣ бар сари оби Ҳирманд зоҳиран ҷиддитарин масъалае аст, ки аз августи соли 2021 то кунун байни Теҳрон ва ҳукумати Толибон рух додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG