Сафорати ИМА: дар Тоҷикистон ҳазор визаи муҳоҷиратӣ содир шуд

Сафири ИМА дар Душанбе Мануэл Микаллер гирандаи ҳазорумин визаи муҳоҷиратии ИМА-ро истиқбол мекунад

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки дар давоми нӯҳ моҳи гузашта беш аз ҳазор адад виза ё раводиди муҳоҷират ба Амрикоро содир кардааст ва ин “як қадами муҳиме” дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Дар хабаре, ки 26-уми май нашр шуд, сафорат гуфт, то октябри соли 2022 масъулияти додани раводиди муҳоҷират ба дӯши сафоратхонаи Амрико дар Қазоқистон буд ва акнун чунин хадамот барои шаҳрвандони Тоҷикистони ҷӯёи муҳоҷират ба ИМА дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад.

“Сафорати ИМА дар ш. Душанбе имконияти боз кардани дарҳоро барои ҳаёти нав дар Иёлоти Муттаҳида барои аъзоёни оилаи шаҳрвандони ИМА ва сокинони қонунии доимӣ, иштирокчиёни Барномаи раводид барои муҳоҷирони миллатҳои гуногун (Diversity Visa Program) ва дигарон, истиқбол мекунад”, омадааст дар хабар.

Барномаи муҳоҷират ё ҳақи зист дар ИМА, ки дар забони мардум чун Корти Сабз маъруф аст, ҳар сол ба саҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имкони кору зиндагӣ дар кишвари ормонҳоро фароҳам мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нахустин раводиди муҳоҷиратӣ дар Сафорати ИМА дар Душанбе содир шудGreen Card. Шарҳи консули Амрико дар бораи чанд тағйирот. ВИДЕОНороҳатии барандагони "Корти сабз"-и муҳоҷират ба Амрико дар ТоҷикистонРонандаи тоҷик дар Амрико барои Тоҷикистон хайрия ҷамъ мекунад. ВИДЕОСафи хоҳишмандони кӯчидан аз Тоҷикистон ба Амрико афзудааст. Дар ҷустуҷӯи кор ё осоиш? ВИДЕО