Аз эълони пуркунии ариза барои дарёфти Green Card (гринкорт, корти сабз)-и Амрико ду ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз назди марказҳое, ки ба таҳияи ҳуҷҷати сокинон машғуланд, пур аз одам аст. Садҳо сокини Тоҷикистон, ки аз бекорӣ ё камии маош ранҷ мекашанд, мехоҳанд, бахти худро барои роҳ ёфтан ба "кишвари имкониятҳо" бисанҷанд.
Умедворону ноумедҳо
Эраҷ Қаюмов, сокини ҷавони Душанберо дар назди як маркази таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Green Card вохӯрдем. Ӯ гуфт, "ҳозир ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, аризаро пур мекунанд. Соли гузашта бахт нахандид. Имсол умед дорем."
Аксар ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳарчанд солҳои гузашта дар бахтсанҷӣ муваффақ нашуданд, умеди худро аз даст надодаанд. Дар ин байн шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли худашон "дилмонда шуданд". Умар Таваккалов, сокини Душанбе, 18-уми октябр гуфт, се сол пайиҳам ариза пур кард, аммо нагузашт: "Шавқам гум шуд. Дуруст аст, ки баъзеҳо муваффақ шуданд, аммо намедонам бо кадом система ва чӣ гуна гузаштанд."
Баъзе аз хоҳишмандон дар назди марказҳои таҳияи санадҳо гуфтанд, дарёфти раводид ё визаи Амрико барояшон мушкил аст ва, аз ин рӯ, Green Card-ро як роҳи хуби расидан ба "кишвари имкониятҳо" медонанд.
Мавлуда Рустамова, корманди як маркази хусусӣ барои таҳияи санадҳои гринкорт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло хоҳишмандони ин барнома афзудааст. "Шояд сабаб он бошад, ки нисбат ба солҳои гузашта мардум маълумоти бештар пайдо карданд ё шавқи одамон барои рафтан ба кишвари дигар зиёд шуд," -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
"Пандемия мушкил офарид, вале роҳро пурра набаст"
Ҳар шахс метавонад, аризаро барои гринкорт мустақилона пур кунад. Азбаски на ҳама забони англисиро медонанд ва аз қоидаҳои таҳияи санад ба хубӣ огоҳанд, рӯ ба марказҳои хусусӣ меоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, имрӯзҳо кори марказҳои хидматрасонӣ "гарм" ба назар мерасад. Ҳаққи хидмати таҳияи санадҳои гринкорт дар чунин марказҳо барои як нафар 50 ва барои хонавода 100 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Агар касе мустақилона ин корро анҷом диҳад, бепул аст.
Ду ҳафта пеш сафорати Амрико дар Душанбе аз сабтином дар лоторея хабар дода, таъкид кард, ки ин маърака то 9-уми ноябр идома хоҳад ёфт. Сафорат аз пешниҳоди маълумот дар бораи сафари барандагони гринкорт дар шароити пандемия ба Амрико посухи дақиқ надод.
Баъзе аз шахсони огоҳ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гринкорт ба сокинон маслиҳат медиҳанд, гуфтанд, пандемия ҳангоми сафар мушкилҳоеро пеш овардааст, вале роҳи онҳоро пурра набастааст. Парвиз Ниёзов, блогери тоҷик дар Амрико, пайваста дигаргуниҳои вобаста ба барномаи гринкортро пайгирӣ ва сокинонро аз нозукиҳои таҳияи санадҳо хабардор мекунад.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Пандемия, албатта, зиёнашро ба барандагони гринкорт расонд. Онҳое, ки соли гузашта баранда шуданд, почтаҳои худро бинанд. Ягон нома аз сафорат меояд ё не. Ҳоло ҷабрдидаҳо зиёданд ва мунтазири қарори додгоҳ ҳастанд."
"Сафи талабгорони калонсол бештар шудааст"
Пештар гуфта мешуд, ки бештари хоҳишмандони гринкорт аз Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд. Фаррух Ализода, ки таҷрибаи кор дар марказҳои таҳияи санадҳои гринкортро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло хоҳишмандон аз ҳисоби шахсони солманд низ бештар шудааст: "Шояд солҳои пеш фикр мекарданд, ки барнома шаффоф нест. Ҳоло диданд, ки ҳеч гуна восита нест, як барномаи шаффоф аст, барои ҳамин, боварии калонсолон зиёд шуда, омада пур мекунанд."
Солҳои пеш дар расонаҳо гуфта мешуд, ки ҳар сол аз Тоҷикистон ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд. Аммо чанде пеш Маркази консулии Кентукки шумораи тоҷиконе, ки ҳаққи кору иқомат дар Амрикоро ба даст овардаанд, 2 ҳазору 332 нафар шумурдааст.
Набудани ҷойи кори муносиб ва вазъи начандон хуби иҷтимоиро, баъзе аз коршиносон, аз далелҳои асосии рӯ овардани сокинон ба барномаҳое ба монанди гринкорт арзёбӣ мекунанд. Ҳарчанд онҳое, ки аллакай ба Амрико рафтаанд, зиндагӣ дар он кишварро чандон осон тасвир намекунанд.