Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи тоҷик дар Амрико барои Тоҷикистон хайрия ҷамъ мекунад. ВИДЕО


Камил Арешов, муҳоҷири тоҷик дар ИМА, ки ронадаи мошини боркаш аст.
Камил Арешов, муҳоҷири тоҷик дар ИМА, ки ронадаи мошини боркаш аст.

Муҳоҷират ба Амрико, кишваре, ки аз Тоҷикистон фарсахҳо дур аст, пайванди бисёре аз муҳоҷиронро бо ватанашон гусаста накардааст.

Бисёре аз зодагони Тоҷикистон, ки ҳамакнун муқими Амрико ҳастанд, бо анҷоми кори хайре дар тағйир ёфтани зиндагии ҳамватанони худ дар Тоҷикистон ё рафъи мушкиле саҳм мегузоранд.

Камил Арешов, аз ҷумлаи чунин тоҷикон аст, ки дар Амрико зиндагӣ дорад. Ӯ ронандаи мошини боркаш аст. Кори хайриявӣ дар созмони “Дасти ёрӣ”- ро ҳам идома медиҳад. Ин созмонро ӯ ҳанӯз дар Душанбе таъсис дода буд. Як ҳадафи он таъмиру бозсозии мактабҳои харобшуда дар Тоҷикистон аст.

“Баъд аз ҳиҷрат ба Амрико ҳам ин корро идома додам. Ин кор не, балки як шуғли писандидаи ман аст, чун аз мушкилоти наврасон, таҳсили онҳо дар ташвиш ҳастам. Ин ҷо дар Амрико имконияти кору фаъолият бештар аст ва вақте ба манотиқи кишвар меравӣ ва мебинӣ, ки дар кадом шароит ҳамдиёрон зиндагӣ доранд, барои хӯрдан ва пӯшидан чӣ доранд. Вақте бозмегарадӣ ба Амрико кас мехоҳад, боз ҳам бештар барои онҳо кумак кунӣ, хайрия ҷамъ оварӣ,”—мегӯяд, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Моҳе пеш Арешов барои сохтани ду мактаб дар Хатлон ба Тоҷикистон рафта буд. Ӯ бо ризокорони созмонаш масоили сохтмони мактабҳоро бо интернет ҳамоҳанг мекунад.

Ӯ гуфт: “Мо дар деҳаи Файзбахши ноҳияи Вахш ва дар деҳаи Авлиёи ноҳияи Кушониён бинои мактаб сохта истодаем. Дар деҳаи Авлиё ду синфхона ва дар Файзбахш чор синф сохта истодаем. Дар ин деҳаҳо умуман мактаб нест, кӯдакон дар деҳаи Авлиё дар як вагон таҳстил мекарданд. Дар деҳаи Файзбахш бошад, умуман мактаб нест. Як сокини маҳали таҳхонаи худро ҷудо кардааст, ки ду утоқ дорад, вале он мактаб нест, ягон шароит надорад. Раиси ин маҳалла гуфт, ки 10 сол боз талош дорад, барои сохтмони мактаб сармоягузор ёбад, дари мақмотро куфтааст, аммо мувафақ нашудааст. Мо бо ӯ вохурдем ва акнун мактаб месозем.”

Созмони “Дасти Ёрӣ” барои бунёди синфхона ё бинои мактаб масолеҳи сохтмонӣ мехарад. Маблағро аз чор сӯи олам ҷамъ меоранд. Хайрхоҳон, аксаран, зодагони Тоҷикистонанд, ки Амрико кору зиндагӣ доранд. Биноҳои мактаб бо усули ҳашар ва ҷалби сокинони маҳаллӣ сохта ё бозсозӣ мешаванд.

“Ташаккур ба ҷавононе, ки дар Амрико ҳастанд ва ман борҳо ба онҳо муроҷиат кардаам. Масалан, мегӯям, ки синфхонаҳои нав месозем ё барои ниёзмандон дар Рамазон хӯрокворӣ мехарем. Ташаккур ба ҷавонони саховатманд, ки дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ба ҷуз аз хайрхоҳон аз Амрико, бачаҳо аз Русия, Туркия ва худи Тоҷикистон ҳам хайр мекунанд. Ҳамин гуна пул ҷамъ мешавад, ба қавле қатра-қатра ҷамъ мешавад. Бо ин пулҳо мо мактаб месозем ва ба оилаҳои ниёзманд маводи хурокворӣ харида тақсим мекунем.”,--мегӯяд, ӯ.

Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Амрико бештар мешаванд. Аксарият, тариқи “Корти сабз” барои кору зиндагӣ ба Амрико куч бастаанд.

Шумори тоҷиконе, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, низ кам нест. Панҷ сол қабл пажӯҳишгоҳе дар Вошингтон теъдоди тоҷикони Амрикоро беш аз 6 ҳазор гуфта буд.

XS
SM
MD
LG