Тоҷикистон дар гузориши имсолаи “Хонаи Озодӣ” (Freedom House) бо Туркманистон баробар шуда, ҳамроҳи он дар зинаи поинтарини ҳаракат ба самти мардумсолорӣ ҷой гирифт. Агар дар гузашта баҳои он нисбатан беҳтар буд, имсол “режими комилан худкома” ном гирифт.
Ба гуфтаи масъулони созмони байнулмилалӣ, ҳукумати Тоҷикистон “ба 27 дарсади табъидҳои фаромиллии ҷаҳон даст ёфт” ва саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 “намунаи бадтарин поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” будааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки мақомот дар Тоҷикистон ба ин гузориш чӣ назар доранд, аммо дар гузашта аз саркӯби эътирозгарон чун “амалиёти зиддитеррористӣ” ҳимоят карда буданд.
Таъсири ҷанг дар Украина
Гузориши “Хонаи Озодӣ” ба номи “Кишварҳои дар ҳоли гузор 2023. Ҷанг шикофи минтақаиро амиқтар кард” рӯзи 24-уми май нашр шуд. Гузориш аз соли 1995 ба ин сӯ соле як бор таҳия мешавад. Бинобар он, дар тақрибан 19 соли охир нишондодҳои демократӣ дар минтақаи мавриди таҳқиқ то рафт бадтар мешаванд.
“Ишғоли Украина аз ҷониби Маскав шикофи миёни давлатҳои худкома ва демократиро дар қаламрави Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ амиқтар кард”, -- омадааст дар гузориш.
Таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, буҳрони таърихии муҳоҷират ва баҳам зада шудани иқтисод, ки ҳосили ишғолгариҳои доманадори Маскав дар хоки Украина мебошад, боиси ин шикоф дар минтақа шудааст.
“Амалкарди Кремлин дар Украина азимтарин чолиш барои сулҳ, озодӣ ва демократия дар Аврупо аз замони хатми Ҷанги Сард гардид,” – гуфт президенти “Хонаи Озодӣ” Майкл Абрамович ва афхуд, “ҳоло шарикони демократӣ дар Аврупо ва саросари ҷаҳон бояд аз гузашта бештар ҳамгироиву пуштибонии худро ба намоиш гузоранд.”
Муаллифон мегӯянд, Тоҷикистон ҳамроҳи Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои “пешгирӣ аз сабқати сиёсӣ ва гуногунандешӣ бо саркӯби ҳуқуқи бунёдӣ” ба гурӯҳи “режимҳои комилан худкома” дохил шудааст.
Ҳодисаҳои ВМКБ
Дар гузориш омадааст, соли 2022 “дар Тоҷикистон ва Узбекистон талошҳои ҳукумат ба тамаркузи қудрат дар минтақаҳои мухтори Бадахшон ва Қароқалпоқистон боиси сар задани эътирозҳо шуд”.
Ба қавли муаллифон, “раҳбарони худкома дар талоши назорати пурра ба қаламравҳояшон буданд ва пешвоҳоеро, ки ба шабакаи ҳомию муштарии созмондодаи режим пурра мутобиқат намекунанд, таҳаммул надоранд”.
Дар гузориш омадааст, ВМКБ, ки “ватани помириҳо ва як ҷомеаи нисбатан пешрафтаву фаъоли маданӣ мебошад, ба камияш аз соли 2012 ба ин сӯ ҳадафи саркӯбҳои ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад.”
Соли 2022 дар пайи эътирози сокинони Хоруғу Рӯшон аз таҳқиқи ноодилонаи куштори сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков, ҳукумат эътирозҳоро саркӯб ва садҳо нафарро боздошту зиндонӣ кард.
Аз нигоҳи муҳаққиқони “Хонаи Озодӣ”, саркӯби эътирозгарони ВМКБ, сокинони вилояти Қароқалпоқистони Узбекистон ва ҳам эътирозҳо дар Қазоқистон дар соли 2022 мавридҳои бадтарини поймолшавии ҳуқуқ ҳастанд.
Муҳаққиқони “Хонаи Озодӣ” мегӯянд, ин ҳодисаҳо набояд фаромӯш шаванд ва ҳукуматҳои демократии ҳамкор бо ин режимҳо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва матбуоту дигар ҷонибҳо бояд тақозо кунанд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳоро ба роҳ монанд.
Даъват ба таҳримҳо
“Барои ин ки гунаҳкорон беҷазо намонанд, ҳукуматҳои демократӣ бояд дар доираи як стратегияи фарогири масъулиятшиносӣ барои поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон ва мақомоти фасодзада таҳримҳои ҳадафмандонаро ба кор баранд,” -- омадааст дар гузориш.
Яке аз талабҳои дигаре, ки муҳаққиқони ҳуқуқи башар пеш гузоштаанд, ин тақозои “билофосила ва беқайду шарт аз зиндон озод шудани маҳбусони сиёсӣ” мебошад. Ба бовари муаллифони “Хонаи Озодӣ”, ҳукуматҳои демократӣ бояд дар кори ҳаррӯзаи худ ва бисёр фаъолона қазияҳои зиндониёни сиёсӣ ва дигар мушкилоти ҳуқуқи башарро ёдовар шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди "таҳрим" ба зидди мансабдорони Тоҷикистон“Хонаи Озодӣ” ҳисоб кардааст, ки соли 2022 аз даҳ кишваре, ки ба саркӯбҳои фаромиллӣ даст задаанд, панҷтоаш - Тоҷикистон, Беларус, Русия, Туркманистон ва Узбекистон дар АвруОсиё ҷойгир мебошанд. Бино ба гузориши созмон, “аз соли 2014 ба ин сӯ аз 854 ҳолати маълумшудаи саркӯбҳои мустақими ҷисмонӣ дар ҷаҳон ин кишварҳо дар 212 ҳолаташ даст доранд”.
“Хонаи озодӣ” аз ҳукуматҳои демократӣ тақозо мекунад, ки бо истифода аз нуфузи худ дар Интерпол “имкониятҳои аъзои саркӯбгари Полиси байналмилалиро барои саркӯби дигарандешон дар хориҷа маҳдуд кунанд”.
Дар миёни машварат ё роҳҳое, ки муаллифони гузориш барои ислоҳи вазъ пешниҳод мекунанд, ин “истифодаи таҳрим ва абзори дипломатӣ” аст, ки ба қавли онҳо, “омилонро ҷавобгар хоҳанд кард”. “Мақомоти хориҷӣ, ки дар саркӯбҳои фаромиллӣ шарик ҳастанд, бояд бо муҷозот, аз ҷумла, манъи визаву баста шудани дороиҳо... то гирифтани мақоми шахси номатлуб (персона нон грата) рӯбарӯ шаванд ва билофосила ихроҷ гарданд”, -- машварат додаанд ҳомиёни ҳуқуқ.