Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Кабирӣ ба шоҳи Нидерланд дар бораи Раҳмон


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолиф, дар номае ба шоҳи Нидерланд Эмомалӣ Раҳмонро "шарики муҳими Путин" хонда, аз ӯ хостааст, "дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузорад" ва "ба таъқиби дигарандешон кумак накунад".

Номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Виллем-Александр рӯзи 20-уми март ва дар замоне навишта шудааст, ки Тоҷикистону Нидерланд (Ҳолланд) раёсати нишасти бахшида ба обро дар Созмони Милал бар уҳда доранд. Посухи тарафи дигар дастрас нест, вале раҳбарони Ҳолланд ба чунин муроҷиатҳо ҳассосанд ва сари вақт ба онҳо посух медиҳанд.

Нишасти бахшида ба об аз 22 то 24-уми марти имсол дар Ню-Йорк мегузарад.

Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, тибқи иттилои ёфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо шоҳи Нидерланд вохӯрда, ба Аврупо, аз ҷумла Ҳолланд, низ хоҳад омад.

Ҳафтаи гузашта Паймони миллии Тоҷикистон иддао карда буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Бритониё ва Олмон меравад. Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми март ба Амрико рафт, вале сафари ӯро ба Аврупо шарҳ надоданд.

Раиси Паймони миллӣ дар номааш ба шоҳи Нидерланд навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 бо истифода аз зӯр ва тағйири Қонуни асосӣ дар қудрат аст ва рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бераҳмона саркӯб мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора гуфтаанд, ҳамкорони созмонҳои мамнуъ ва аъзои гуруҳҳои ҷиноиро боздошту зиндонӣ кардан ва ё ҳангоми амалиёт куштанд.

"Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенкоро дар Беларус дарк карда, ӯро таҳрим карданд, вале диктатори Тоҷикистонро натанҳо таҳрим накарданд, балки аз ӯ истиқбол менамоянд. Бояд ёдовар шуд, ки хатари Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест," – навиштааст Кабирӣ.

Вай дар охир аз шоҳи Нидерланд хостааст, аз Эмомалӣ Раҳмон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб кунад.

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҲНИТ, моҳи январи имсол аз Олмон ихроҷ шуд. Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20-уми март гуфтааст, ӯ бояд фавран озод шуда, ба назди хонаводааш дар Аврупо баргардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG