Тоҷикистон ҳамсари осетинии таблиғгари тоҷики ДОИШ-ро ба Русия супурдааст.
Мадина Бандаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов, ки дар сафи ДОИШ бо номи Абу Довуд шинохта мешуд, тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ бо шавҳару кӯдаконаш аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.
Парвиз Саидраҳмоновро охири соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ ба 21-соли зиндон маҳкум кард.
Мақомот истирдоди ҳамсари ӯ ба Русияро расман тасдиқ накаданд, вале Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо духтараш се ҳафта пеш дар боздоштгоҳе дар Осетияи шимолӣ суҳбат кард.
“Нисбат ба духтарам барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ва пайвастан ба ин созмон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Духтари маро бо фиреб бурда буданд. Ман адвокат гирифтам ва ҳоло кушиш дорам, ки бегуноҳии духтарамро исбот кунам,”—гуфт, ӯ.
Мадина Бандаренкоро ҳамроҳ бо чор кӯдак ба Тоҷикистон истирдод карда буданд. Оксана Ҷейлиева мегӯяд, се кӯдак аз духтараш буд ва кӯдаки чорум аз ҳамсари тоҷики Парвиз Саидраҳмонов будааст.
Ӯ гуфт: “Яке аз ин кӯдакон аз шавҳари аввали духатарам аст ва шаҳрванди Русия мебошад. Ду духтараш аз Парвиз ҳаст. Мехоҳам, ки се набераамро ҳам ба ман диҳанд.”
Макони нигаҳдории кӯдакони Мадина Бандаренко дар Тоҷикистон маълум нест.
Ин зан нақл кард, ки духтараш соли 2013 пас аз талоқ аз шавҳараш бо Парвиз Саидраҳмонов дар Русия шинос шуда, издивоҷ кард. Ӯ гуфт, пас аз се соли ба ДОИШ пайвастан Абу Довуд духтарашро бо роҳи фиреб дар соли 2017 ба Сурия бурдааст.
Баъдан, соли 2018 Абу Додвуро бо ҳамсару кӯдаконаш нерӯҳои турк ҳангоми фирор боздошт кардаанд. Тоҷикистон аз соли 2019 чор бор барои истирдоди Парвиз Саидраҳмонов ба Туркия дархост дода буд, вале танҳо соли гузашта мақомоти турк ӯро ба мақомоти тоҷик таслим карданд.
Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".
"Абу Довуд" дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистону Русия ва Шветсия гумонбар аст. Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ низ бо дархости Русия ӯро мекофт.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардидан ва ё зиндонӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳе дар Душанбе "Абу Довуд"-ро ба 21 соли зиндон маҳкум кардаастДодситон ба "Абу Довуд" ҳабси абад талаб кардаастХушдомани "Абу Довуд" аз Русия хостааст, духтарашро баргардонадТуркия супурд, "Абу Довуд"-ро дар Тоҷикистон муҳокима мекунандТоҷикистон аз Туркия хостааст, "Абу Довуд"-ро бисупорад. Анкара мепазирад?Абу Довуд дар куҷост? Мубаллиғи "гумшуда"-и ДОИШ аз Тоҷикистон дар паноҳгоҳе "ёфт шуд"