Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз додрас хостааст, Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ ва машҳур ба лақаби "Абу Довуд"-ро ба ҳукми абад маҳкум кунад.
Ӯро моҳи сентябри имсол аз Туркия ба Тоҷикистон оварданд ва муҳокимаи парвандааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе идома дорад.
Як манбаъ дар додгоҳ рӯзи 21-уми декабр гуфт, Парвиз Саидраҳмонови 35-сола "ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбари созмони террористӣ муттаҳам аст."
Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".
Наздиконаш мегӯянд, вай соли 2014 аз Русия ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқ пайваст ва баъд аз шикасти хилофати худхонда ба Туркия гурехту дастгир шуд.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон аз соли 2019 чаҳор бор барои истирдоди ӯ ба Туркия дархост фиристод, вале Анкара посух намедод. Истирдоди ӯ пас аз сафари вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Туркия дар моҳи июли имсол имконпазир шудааст, аммо маълум нест ба чӣ шарте ва ё дар ивази чӣ.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардидан ва ё зиндонӣ.
Гуфтугӯ