Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Душанбе "Абу Довуд"-ро ба 21 соли зиндон маҳкум кардааст


Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ шуд.
Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ шуд.

Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ, ки бо лақаби "Абу Довуд" шинохта мешуд, ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал хабар доданд.

Парвиз Сайидраҳмонов, ки соли 2014 аз Русия ба Сурия рафта, ба сафи созмони тундрави "Давлати исломӣ" пайваста буд, соли 2018 ба дасти нерӯҳои турк асир афтод. Тирамоҳи соли 2022 ӯро аз Туркия ба Душанбе истирдод карданд.

Як додраси Додгоҳи олӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Парвиз Саидраҳмонов бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 11-уми ноябри соли гузашта ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додраси Додгоҳи олӣ афзуд, Саидраҳмонов ба чандин ҷинояти вазнин аз ҷумла ифротгароӣ, ҷалб ва ширкат дар ҷангҳои хориҷии дигар кишварҳо гунаҳкор шуд.

Пештар додситонӣ барои ӯ ҳукми абад хоста буд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Парвиз Саидраҳмонов то куҷо бо адвокат таъмин буд ва иттиҳоми алайҳаш эълоншударо қабул кардааст ё не. Масъулини Додгоҳи олӣ гуфтанд, аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ягон шикоят дарёфт накардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".

"Абу Довуд" дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистону Русия ва Шветсия гумонбар аст. Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ низ бо дархости Русия ӯро мекофт.

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардидан ва ё зиндонӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG