Дар Тоҷикистон ба муҳокимаи Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ ва машҳур бо лақаби"Абу Довуд" оғоз кардаанд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр гуфтанд, ки ӯ моҳе пеш аз Туркия ба Душанбе оварда шуд. "Абу Довуд" дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистону Русия ва Шветсия гумонбар аст. Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ низ бо дархости Русия ӯро мекофт.
Муҳокимааш дар Додгоҳи пойтахт ҷараён дорад. Як манбаи Радиои Озодӣ дар додгоҳ 24-уми ноябр гуфт, Парвиз Саидраҳмонови 35-сола "ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбари созмони террористӣ гумонбар аст." Иттиҳоме, ки дар сурати исбот шуданаш аз 25 сол зиндон то ҳабси абадро дар назар дорад.
Ҳамроҳи Парвиз Саидраҳмонов ҳамсараш Мадина Бандаренко, шаҳрванди Русия ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко, рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти Русия хостааст, духтарашро ба он кишвар бибаранд.
"Духтари ман шаҳрванди Русия аст ва бо фиреб ӯро ба Сурия бурда буданд. Ҳоло хоҳиш дорам, ки ӯро бо фарзандонаш ба ватан баргардонанд," -- гуфт ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони хатарноки ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".
Наздиконаш мегӯянд, ӯ соли 2014 аз Русия ба сафи ДОИШ дар Ироқ пайваст ва пас аз шикасти хилофати худхонда ба Туркия гурехту дар онҷо боздошт шуд.
Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нишон дод ва ӯ аз худ "Фирдавс" ном мебурд. Дертар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро дар паноҳгоҳе дар Ҷараблуси Сурия диданд.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон аз соли 2019 чаҳор бор барои истирдоди ӯ ба Туркия дархост фиристод, вале Анкара посух намедод. Истирдоди ӯ пас аз сафари вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Туркия дар моҳи июли имсол имконпазир шудааст, аммо маълум нест ба чӣ шарте ва ё дар ивази чӣ.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардидан ва ё зиндонӣ.
Гуфтугӯ