АФЗОИШИ СОДИРОТИ ТЕХНОЛОГИЯ АЗ ТОҶИКИСТОН
Бар асоси санаде, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол (январ, феврал ва март) содироти молу маҳсулотро ба Русия беш аз панҷоҳ дарсад бештар кардааст. Ҳиссаи фанновариҳои нав дар таркиби он ба таври бесобиқа афзоиш ёфта.
Дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи тақрибан 35,8 миллион доллар (дар семоҳаи якуми 2022 – 23,7 миллион доллар) мол фиристодаанд. Дар рӯйхати маҳсулоти содиротии Тоҷикистон бандҳои наве аз ҳисоби технологияҳои нав пайдо шуда, баръакс, савдои маҳсулоти анъанавии кишвар аз қабили пахта, сабзавот ва меваи хушк кам шудааст.
Аз ҷумла, дар се моҳ ба маблағи қариб 7,4 миллион доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Русия дастгоҳҳои иртиботӣ (алоқа) ва мухобиротии навъи гуногун интиқол ёфтаанд. Дар феҳрасти колоҳои содиротӣ ба Русия, бандҳои дигари нав низ ҷой ёфтаанд:
- Дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ – 213 ҳазор доллар;
- Дастгоҳҳои компютерию блокҳо – 1,2 миллион доллар;
- Аккамуляторҳои барқӣ – беш аз 600 ҳазор доллар.
Инчунин, дар таркиби колои содиротӣ аз Тоҷикистон ба Русия
- Диод;
- Транзистор;
- Микросхема;
- Ноқилҳо ва дигар дастгоҳҳои барқӣ номбар шудаанд.
Дар умум арзиши фанновариҳои наву маҳсулоти мошинсозии фиристодаи Тоҷикистон ба Русия дар се моҳи аввали имсол ҳудуди 15 миллион долларро ташкил додааст. Аксари ин навъи коло дар гузашта умуман содирот нашуда буданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зиёд шудани содироти фанновариҳо аз Тоҷикистон дар пасманзари таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ва манъи содироти баъзе аз навъҳои мол ба Русия сурат мегиранд.
АФЗОИШИ "РЕЭКСПОРТ" БАЁНГАРИ ЧИСТ?
Кишварҳои ғарбӣ аз он ташвиш доранд, ки молҳои “мамнуъ” барои Русия бо ёрии ҷониби сеюм ва асосан тариқи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҷумҳурӣ дастрас мешаванд. Нигаронӣ пас аз он ҷиддӣ шуд, ки содироти чанд хел маҳсулот, аз ҷумла технологияи нав аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба минтақа якбора зиёд шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар як соли ахир кӯшиш кардаанд, ки дар бораи бархӯрди Русия бо Ғарб, аз ҷумла дар бораи таҳримҳо зиёд суҳбат накунанд.
Радиои Озодӣ аз вазоратҳои рушди иқтисод, молия, корҳои хориҷӣ ва Хадамоти гумрук пурсид, ки оё Тоҷикистон таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикоро ба зидди Русия риоя мекунад?
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март навиштанд, ки “то ба имрӯз аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои риояи таҳримҳо расман ягон дархост ворид нашудааст.”
Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба дархости Радиои Озодӣ навишт, дар масъалаи таҳримҳо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Амрико "суҳбат" карданд. Ҷузъиёташро нагуфт.
“Бо назардошти он ки Иттиҳоди Аврупо ва ИМА низ аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар масири рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо мебошанд, мавзӯи таъсири таҳримҳо ба Тоҷикистон мавриди баррасии намояндагони ҷонибҳо қарор гирифтааст,” -- омадааст дар посухи ВКХ.
Дар айни замон Хадамоти гумруки Тоҷикистон эътироф кардааст, ки соли гузашта реэкспорт ё бозсодироти баъзе маҳсулот ба Русия бештар шуд.
“Давоми соли 2022 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба миқдори 177 тонна мол ба арзиши 1,77 миллион доллар реэкспорт шуд. Ин нишондод дар соли 2021 мутаносибан 6,3 тонна ва 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намуда буд. Қисми зиёди онро нақлиёти сабукрав ташкил намуданд. Дар баробари ин, равғанҳои молиданӣ, рангҳо, полимерҳои акрилӣ дар шакли аввалия ва маводи сатҳи фаъоли органикӣ реэкспорт гардидаанд,” – гуфта шудааст дар номаи ҷавобии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ.
Ба иттилои мақомот, аксари ин молҳоро аз Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Лаҳистон, Амрико ва Швейтсария ба Тоҷикистон оварда буданд.
Ҳолати монанд дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам ба чашм мерасад.
ҚАЗОҚИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН – ДАР РУБАРӮИ ТАҲРИМ?
Мансабдорони Иттиҳоди Аврупо ва Амрико борҳо ҳушдор додаанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба гурези Русия аз таҳримҳо, метавонанд, дучори маҳдудиятҳо гарданд.
Урсула фон дер Лайен, роҳбари Кумисюни Аврупо, рӯзи 9-уми май муҳтавои бастаи 11-уми таҳримҳои зидди Русияро ошкор кард. Таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо кишварҳои севум, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистонро фаро хоҳанд гирифт.
Ба ҷуз ин, Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, роҳҳои наверо ёбад, ки аз давр задани таҳримҳо тавассути кишварҳои севум пешгирӣ хоҳанд кард. "Агар бинем, ки маҳсулоти аврупоӣ тавассути кишварҳои севум вориди Русия мешаванд, Кумисюни Аврупо ба кишварҳои узви Иттиҳод барои ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбат ба ин кишварҳо пешниҳод хоҳад дод", - гуфт хонум Лайен.
Аз шарҳи роҳбари мақомоти иҷроияи Иттиҳоди Аврупо бармеояд, ки таҳрим пеш аз ҳама маҳсулоти бахши технологӣ ва саноати авиатсиониро фаро хоҳад гирифт.
Бино ба гузориши расонаҳо, миёни кишварҳое, ки Русия тавассути онҳо таҳримҳои Аврупо ва Амрикоро давр задааст, Қазоқистон, Арманистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд. Хабаргузории Bloomberg навишт, ки Осиёи Марказӣ, мумкин аст, ҳадафи нахустини таҳримҳо қарор гирад.
“ТАҲРИМ БОЯД ҶИДДӢ ГИРИФТА ШАВАД”
Амони Асрор, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, Русия барои аксар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон шарики асосӣ дар бисёре аз соҳаҳо, аз ҷумла тиҷорат аст ва ин наздикӣ метавонад заминаи гурез аз таҳримҳо гардад. “Аммо вазифаи давлат аст, ки таодулро риоя кунад ва фоидаи иқтисоди миллию шаҳрвандонро ҳимоя намояд,” -- афзуд ӯ.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки давлат бояд аз пайомади кори худ биандешад, ки ҳам кишвар ва ҳам ширкату шахсони алоҳида барои мусоидат ба Русия метавонанд зери таҳримҳо қарор гиранду дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳониро аз даст бидиҳанд.
“Дар ҳоли ҳозир аксар коло, махсусан фанновариҳои ҷадиди босифат, аз ҳавопаймо гирифта то худраву телефон ва дигар асбобу анҷоми маишӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои мутараққӣ оварда мешаванд. Маҳрум шудан аз дастрасӣ ба колою бозорҳои ҷаҳонӣ ва хидматрасониҳо, албатта, ба фоидаи кишвар нест. Мақомот бояд онро дар назар гиранд,” – хулоса кард ӯ.