Cоли дувум аст, ки ҷанг дар Украина идома дорад. То ҳол ягон кишвари Осиёи Марказӣ аз ҳамлаи Русия пуштибонӣ ё ба таври ошкор онро маҳкум накардааст. Сарони кишварҳои минтақа зоҳиран бетарафиро авло донистаанд, чун дар ҳолати ногувор ҳастанд. Аз як тараф, Маскав шарики асосии сиёсӣ ва иқтисодии онҳост. Аз сӯи дигар, Ғарб метавонад, барои пуштибонӣ аз Русия ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ кунад.
Телевизиони “Настояшее Время” таҳқиқ кардааст, ки мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари ҷанги Русия дар Украина чӣ гуна тағйир ёфтааст.
ТОҶИКИСТОН
Мақомоти тоҷик дар бораи ҷанги Русия дар Украина бори аввал, ҳамагӣ ҳафтае пеш аз солгарди он, изҳори назар карданд. Қаблан дар ин бора баёнияе дода нашудааст.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Душанбе ҷонибдори хатми ҳарчӣ зудтари ҷанг аст ва таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таври анъанавӣ ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина муносибати хуб дорад.
“Мо бо Русия – шарики стратегии худ ва Украина муносибатҳои хуб дорем. Мо ҷонибдори ҳарчӣ зудтар ҳал шудани низоъ бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ мебошем,” – афзуд ӯ.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин гуфт, Тоҷикистон мухолифи иштироки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар ҷанг аст. То кунун садҳо муҳоҷири тоҷик ба мисли қирғизҳо ҳам ба ҷузъу томҳои ҷангӣ ва ҳам барои кор дар қаламравҳои ишғолӣ дар Украина фаъолона ҷалб мешаванд.
УЗБЕКИСТОН
Узбекистон як рӯз баъд аз шурӯи таҷовузи Русия ба хоки Украина аксуламал кард. Президент Шавкат Мирзиёев 25-уми феврали соли 2022 бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, телефонӣ суҳбат дошт, аммо хадамоти матбуоти ду ҷониб суҳбати онҳоро ба тарзи гуногун муаррифӣ карданд.
Кремл изҳор дошт, ки Узбекистон гуё ба амалкарди Русия дар Украина "бо фаҳмиш" вокуниш нишон додааст. Аммо дар паёми расмии Тошканд чунин сатр набуд. Як рӯз баъд котиби матбуотии Мирзиёев дар изҳороташ таъкид кард, ки Узбекистон дар низоъ миёни Русия ва Украина мавқеи бетарафиро мегирад.
Бо гузашти як сол аз оғози ҷанг Тошканд расман ақидаи бетарафии худро тағйир надод. Ҳамзамон Узбекистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, хоҳони хатми ҷанг шуд ва аз эътирофи ҷудоихоҳони ба истилоҳ ҷумҳуриҳои Луҳанск ва Донетск худдорӣ намуд.
Дар ҷараёни "референдумҳои" Русия дар манотиқи ишғолшудаи Украина, Тошканд эълон кард, ки тамомияти арзии давлатҳоро эҳтиром мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
ҚАЗОҚИСТОН
Дар байни кишварҳои минтақа шояд мавқеи “ҷасуртарин” аз ҷониби Қазоқистон буд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин ба тезутунд шудани равобити Русияву Қазоқистон ва масъалаи мақоми қаламравҳои Қазоқистони Шимолӣ марбут бошад.
Пас аз як ҳафтаи оғози ҳамлаи Русия ба Украина раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Маскав ва Киевро ба музокира хонд. Сипас аз Остона ҳарфҳое гуфта шуданд, ки бояд тамомияти арзии Украина ҳамчун як давлати мустақил ҳифз шавад.
“Қазоқистон манфиатдор аст, ки Украина як давлати устувор, мустақил ва аз ҷиҳати ҳудудӣ тақсимнопазир монад,” – гуфт Қосимҷомарт Тоқаев.
Дар Қазоқистон аз ибтидо ҷангро "ҷанг" мегӯянд ва ваъда медиҳанд, ки таҳримҳои Ғарб ба зидди Русия қатъиян риоя хоҳанд шуд. “Мо ҳар чизро ба номи худаш ном мебарем. Русия қонунеро интихоб кард, ки калимаи "ҷанг"-ро манъ кунад. Онро “амалиёти махсуси ҳарбӣ” меноманд. Аммо дар Қазоқистон мо онро, дареғ, ҳамон тавре ки ҳаст, ном мебарем.”
Тоқаев ҳамчунин ҷумҳуриҳои худхондаи Луҳанск ва Донетскро "ҷудоихоҳон" номид ва тавзеҳ дод, ки Қазоқистон ҳеч гоҳ кишварҳои худхондаро эътироф накардааст: “Мо на Тайван, на Косово, на Осетияи Ҷанубӣ ва на Абхозистонро эътироф намекунем. Ин принсип ба иттиҳодияҳои худхонда, ба андешаи мо, ба мисли Луҳанск ва Донетск, низ татбиқ карда мешавад.”
Остона на як бору ду бор маҷбур шудааст, ки аз ҳамлаҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия канорагирӣ кунад - масалан, ба далели насби “юртҳои шикастнопазир”-и қазоқӣ дар Буча ва Киев. Тӯли ин як сол дар посух, мақомоти Русия борҳо Қазоқистонро ба гуё афзоиши миллатгароӣ гунаҳкор ва ҳатто бо сенарияи Украина таҳдид кардаанд.
ҚИРҒИЗИСТОН
Дар рӯзҳои аввали ҷанг расонаҳои русӣ низ кӯшиш мекарданд, мавқеи расмии Бишкекро тахмин кунанд. Пас аз як гуфтугӯи телефонии Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Путин, “РИА Новости” хабар дод, ки раисҷумҳури Қирғизистон дар ин суҳбат гуё аз иқдомоти Русия барои таҷовуз ба Украина пуштибонӣ кардааст.
Сипас котиби матбуотии Ҷабборов маҷбур шуд, тавзеҳ диҳад: ӯ фаҳмонд, ки Қирғизистон ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъ аст. “Мо аз ҳалли вазъияти кунунӣ, аз ҷумла бо роҳи музокирот барои пешгирии талафот ва харобиҳои минбаъда истиқбол мекунем," – афзуд ӯ.
Дар моҳи апрели соли 2022 Ҷабборов бар хилофи мавқеи Русия, ҷангро дар Украина рӯйирост "ҷанг" номид, на "амалиёти махсус".
“Албатта, талафоти ҷонии ҳарду тараф барои ҳамаи мо фоҷиа аст. Бе ҷанг беҳтар мебуд. Ҳар ду тараф барои пешгирӣ аз ҷанг имкониятҳои баробар доштанд. Аммо ҳарду ҷониб ба гирифтани маълумоти таҳрифшуда шуруъ карданд, ки дар натиҷа муноқиша ба вуҷуд омад. Ҳарду ҷониб президентҳоро гумроҳ карданд. Одамоне, ки ба оташ ҳезум меандозанд, ба ҷойи он ки ҷангро бас кунанд, душманиро боз ҳам бештар мекунанд. Баръакс, агар онҳо ба иҷрои созишномаҳои Минск исрор медоштанд, ҷанг намешуд. Онро на танҳо Русияву Украина, балки Олмону Фаронса низ имзо кардаанд,” – афзуд ӯ.
Ҷабборов ҳамчунин гуфт, Қирғизистон дар муноқишаи байни Киеву Маскав бетарафиро нигоҳ медорад. Бишкек то ба ҳол дар ин мавқеяш побарҷост. Дуруст аст, ки ҳамзамон мақомоти Қирғизистон чанд бор тазоҳуроти эътирозиро дар назди сафорати Русия қатъ карда, ба ҷалби шаҳрвандони зиндонӣ ба ҷанг хомӯширо ихтиёр намудаанд.
Аз сӯйи дигар, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нисбати аз ҷониби Маскав эътироф шудани ҷумҳуриҳои худхондаи Луҳанск ва Донетск ҳеч вокуниш нишон надод. Содир Ҷабборов ҳамзамон мавқеи ҷонибдоронаи Путинро изҳор кард. “Шояд ин як тадбири зарурӣ барои ҳифзи аҳолии осоиштаи қаламрави Донбасс буд," – гуфт ӯ.
ТУРКМАНИСТОН
Туркманистон қариб ҳеч гоҳ дар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ сухан намегӯяд: кишвар беш аз бист сол боз расман бетараф буд. Аммо расонаҳои маҳаллӣ пайваста гузориш медиҳанд, ки Ашқобод дар даргириҳои низомӣ дар Украина ба Русия майл дорад.
Масалан, хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ навиштаанд, ки мақомоти туркман вохӯриҳое баргузор мекунанд, ки дар ҷараёни он Ғарбро ангезандаи ҷанги Украина меноманд.
Ҳодисаи дигари қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар оғози моҳи декабри 2022 намояндаи Туркманистон ҳангоми суханронии вазири корҳои хориҷии Украина толорро тарк кард, вале пас аз анҷоми он дарҳол ба ҷояш баргашт.
Гуфтугӯ