Путин Иди Ғалабаро бо раҳбарони кишварҳои ИДМ таҷлил кард

Путин бархе аз раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқро барои талҷлил аз Иди Ғалаба ба Маскав даъват кард.

Владимир Путин, президенти Русия бо чанд ҳамтои худаш аз кишварҳои шӯравиии собиқ имрӯз, 9-уми май, аз 78-умин солгарди "Иди Ғалаба", пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд.

9-уми майи соли 1945, пас аз панҷ соли ҷанг, Олмони фашистӣ шикаст хурд. Дар ин ҷанг Иттиҳоди Шӯравиро ИМА ва Бритониёи Кабир кумак карда буд.

Дар гашти низомӣ, ки имрӯз дар Майдони Сурхи Маскав барпо шуд, сарони ҳафт кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), аз ҷумла президенти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркменистон ва Белорус ширкат карданд. Тасмими сафари онҳо ба Маскав дар охирин лаҳза маълум шуд. Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам рӯзи 5-уми май аз даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар “чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба" дар Маскав хабар дод.

Соли дуввум аст, ки Иди Ғалаба дар Русия дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки ҷанги бедалели ин кишвар зидди Украина идома дорад.

Раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ дар ҳоле ба Кремл омаданд, ки шаби 3-юми май инҷо ба қароргоҳи Путин бо ду паҳпод ё дрон ҳамла карданд. Мақомоти Русия ин ҳамларо сӯиқасд ба ҷони президент номида, Украинаро гунаҳкор кардаанд. Киев даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.

Тадбирҳои амниятӣ дар Маскав шадидтар шуд, аммо гашти низомиро бекор накарданд.

Владимир Путин, зимни суханронии худ дар маросими таҷлил аз Рӯзи Ғалаба гуфт, зидди Русия “ҷанг оғоз карданд.” Ӯ дар ин кор кишварҳои ғарбиро гунаҳкор дониста, онҳоро ба фашист монанд кард. Ба гуфтаи Путин, “онҳо мехоҳанд, кишварро пароканда ва нобуд созанд.” Аммо зимни суҳбат дар бораи ҷанги Русия дар Украина ӯ гуфт, ҳадаф “ҳифзи Донбас ва таъмини амнияти кишвари худ” аст. Мавзӯи аслии суҳбати Путин дар ҷашни Иди Ғалаба ҷанги Русия дар Украина буд, ки онро ӯ “амалиёти масхуси низомӣ” ном мебарад.

Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кардаанд ва Путинро ба ҷиноят алайҳи инсонҳои бегуноҳ муттаҳам медонанд.

Ба ин тартиб, президенти Русия, дар ин маросим, ба фарқ аз чанд соли ахир аз кишварҳои муттафиқи СССР, дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон ёд овард. Инчунин, ба раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар гашти низомӣ бахшида ба Иди Ғалаба омада буданд, изҳори сипос кард.

Ҷашни Иди Ғалабаро солҳои ахир мақомоти Русия бештар, барои таблиғи аҳдофи сиёсӣ, махсусан барои сафед кардани сиёсати таҷовузкоронаи худ дар муқобили Украина истифода мекунад. Русия 24-уми феврал ба хоки Украина ҳамла кард ва ҷанг то имрӯз идома дорад. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо украинӣ бесарпаноҳ монданд.

Ба гуфтаи Путин, дар раҳпаймоии идона онҳое ҳам ширкат доранд, ки дар Украина ҷангидаанд. Дар маҷмӯъ, гашти низомии имсола 50 дақиқа идома кард, ки ба фарқ аз солҳои қаблӣ кӯтоҳтар будааст. Ҳамчунин дар паради имсола намоиши ҳавопаймоҳои ҷангӣ баргузор нашуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Насли ҷавони тоҷик дар бораи Рӯзи Ғалаба чӣ медонад?ВИДЕОСодир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Маскав рафтаастКӯмакпулӣ ба собиқадорони ҷанг дар ТоҷикистонПутин Раҳмонро ба Маскав даъват кард