Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Маскав рафтааст


Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Владимир Путин
Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 7-уми май бо сафари расмӣ ба Маскав рафтааст. Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Содир Ҷабборов (Жапаров) бо президент Владимир Путин ва мансабдорони дигари Русия мулоқот карда, рӯзи 9-уми май дар паради низомӣ иштирок хоҳад намуд.

Нашрияи русии "Ведомости" моҳи апрел бо такя ба манобеаш хабар дод, ки Содир Ҷабборов ягона меҳмони хориҷӣ дар Рӯзи Ғалаба дар Маскав хоҳад буд.

Рӯзи 5-уми май маълум шуд, ки Владимир Путин раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ ба Маскав хондааст. Дар бораи он ки оё Раҳмон даъвати Путинро қабул карда ё на, чизе маълум нест.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар паради низомии Маскав дар соли 2022 ягон раҳбари хориҷӣ ҳузур надошт. Сухангӯйи Путин гуфт, Кремл он вақт касеро даъват накарда буд.

XS
SM
MD
LG