Президенти Русия, Владимир Путин аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки барои ширкат "дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба" ба Маскав биёяд.
Дар ин бора Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми май хабар додааст. Дар хабар омадааст, ки Путин ва Раҳмон дар як тамоси телефонӣ “тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд” ва ҳамдигарро “ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд”.
Маълум нест, ки оё Раҳмон даъвати Путинро пазируфтааст ё на ва агар ҳам қабул кунад, кай ба Маскав меравад. Нашрияи “Известия” навиштааст, ки қарор дар бораи сафари Раҳмон ба Маскав ҳанӯз қабул нашудааст.
Аз ин пеш хабар дода шуд, ки дар парад ё гашти ҳарбӣ дар Маскав бо даъвати Путин раиси ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ширкат хоҳад кард.
Намояндаи Кремлин Дмитрий Песков гуфта буд, бо сабаби санаи калон ё юбилей набудани ҷашни имсола дигар раҳбарони давлатҳоро ба ид даъват накардаанд. Ҳанӯз сабабҳои даъвати Раҳмон ба Маскав аз ҷониби Путин маълум нест. Кремл дар бораи ин занги телефонӣ хабар надодааст.
Шаби 3-юми май ба қароргоҳи Путин дар Кремл ду паҳпод ё дрон ҳамла кард. Касе осеб надидааст. Мақомоти Русия Украинаро дар ташкили ин ҳамла гунаҳкор карда гуфтанд, ки ин сӯиқасд ба ҷони президент буд. Киев даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.
Баъди ин ҳамла тадбирҳои амниятӣ дар Маскав шадидтар шуд. Песков гуфт, ки парад ё гашти ҳарбӣ рӯзи 9-уми май аз рӯи нақша барпо мешавад ва Путин ҳам бояд дар минбар ҳозир шавад.
Рӯзи 9-уми майи соли 2021 Раҳмон ягона раҳбари кишваре буд, ки дар гашти низомии Маскав дар канори Путин қарор дошт. Соли 2022 баъди шурӯи ҷанг зидди Украина дар парад ҳеҷ яке аз раҳбарони хориҷӣ ҳузур надошт.