Дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон қайди ҳаёт аст ва ба ҳамаи онҳо дар остонаи таҷлили 78-умин солгарди ғалаба бар фашизм аз номи президент Эмомалӣ Раҳмон кӯмакпулӣ тақдим шудааст. Дафтари матбуоти президент ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки ба ҳар як собиқадори ҷанг 18 ҳазор сомонӣ (муодили 1 ҳазору 650 доллар) маблағ тақдим шуд ва иловатан мақомоти ноҳияву вилоятҳо кӯмакпулиҳои худро ба ин гурӯҳи шаҳрвандон тақдим кардаанд. Хабаргузорӣ ҳисоб кардааст, ки ҳоло дар Душанбе - 6, дар Суғд – 11, дар Хатлон – 14 собиқдори ҷанги дуюми ҷаҳон ба сар мебаранд ва дигарҳо собиқадорони фоҷеаи Чернобил ва қаҳрамонҳои меҳнат мебошанд.
9-уми май дар Тоҷикистон ва бисёр ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ чун Рӯзи ғалаба бар фашизми нозӣ ҷашн гирифта мешавад. Аз Тоҷикистон дар ҷанги солҳои 1940-ум тахминан 300 ҳазор нафар иштирок карда, сеякашон кушта ваё беному нишон шуданд. Ин ҳодисаҳоро мудҳиштарин ҷанг дар таърихи қарни 20 меноманд, чун даҳҳо миллион қурбонӣ дошт. Ин ҷашн, ки дар Русия ҳам қарор аст ботантана барпо шавад, дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи Маскав алайҳи Украина камранг ва баҳсбарангез мешавад.
Русия, ки бо баҳонаи ба қавлаш “аз нозиҳо пок кардани Украина” ба ин кишвар бидуни далел ва бо нақзи қонунҳои байналмилалӣ ҳамла кард, аз ҷониби Ғарбу Аврупо ва бисёр мухолифони ҷанг дар такрори сиёсати Олмони нозӣ танқид мешавад. Рӯзи 5-уми май вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонӣ президенти Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро 9 май ба Маскав, барои ширкат дар “чорабиниҳои идона” даъват кардааст. Аз ин пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жаппаров) ҳам даъват шуда буд.