Дар бештар аз як соли ҷанги Маскав дар Украина, додугирифти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия афзудааст. Ин дар ҳолест, ки Русия зери бори таҳрим аст ва имкони додугирифташ бо кишварҳои аврупоӣ кам шуда. Русия ва Осиёи Марказӣ чӣ додугирифт мекунанд ва оё ин давр задани таҳрим аст ё чизи дигар?
Дар соли 2022 воридоти мол ба Қирғизистон дар тақрибан 20 соли охир ба таври рекордӣ афзудааст. Ин кишвар бори аввал аз хориҷа ва асосан Чину Русия, Қазоқистон, Туркия ва Узбекистон ба маблағи 10 миллиард доллар маҳсулот харид. Дар навбати аввал -- маҳсулоти рӯзмарра.
Масалан, дар соли 2022 дар Қирғизистон дар пасманзари афзоиши ҷиддии камбизоатӣ, талабот ба молҳои гаронбаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ бештар шуд. Воридот аз Аврупо тақрибан 80 дарсад, аз Амрико 140 дарсад афзуд.
Ба 10 миллион доллар атри фаронсавӣ харида шудааст; ба тақрибан миллион доллар маҳсулоти гаронбаҳои чармӣ, аз ҷумла ҷузвдонҳои занонаи истеҳсоли Итолиё.
Агар дар соли 2021 ба Қирғизистон расман 27 дона соати дастии швейтсарӣ ворид шудааст, дар соли 2022 ин маҳсулот 1625 донаро ташкил дод. Ба Қирғизистон аз Амрико беш аз даҳ ҳазор литр машруботи сахттаъсир ворид шудааст.
Иттиҳоди Аврупо тахмин мекунад, ки бинобар таҳрим бисёре аз молҳои аврупоӣ, тавассути кишварҳои ИДМ ба Русия фиристода мешаванд.
Нашрияи YLE маълум кардааст, ки соли гузашта содирот аз Финляндия ба Қирғизистон 434 дарсад афзуд. Дар умум ба маблағи тақрибан 29 миллион доллар мол харида шудааст. 60 дарсад маҳсулоте, ки воридоти он ба Русия мамнуъст. Қирғизистон рақамҳои хеле поинтарро нишон медиҳад - воридот аз Финландия ҳамагӣ 3,5 миллион долларро ташкил додааст.
Дар навбати худ, дар моҳи март додситонии Ҳолланд ширкатҳои қирғизистониро дар интиқоли колоҳои таҳримшуда ба Русия гумонбар кард. Тибқи иттилои мақомоти назоратӣ дар Амстердам, Қирғизистон танҳо аз моҳи март то ноябр воридот аз ин кишварро 142 дарсад зиёд кардааст. Бештари молҳои интиқолӣ аз Нидерландияро дорувор, хўроки чорво, растаниву гул ташкил додааст.
Дар баробари ин Қирғизистон содиротро низ афзоиш медиҳад. Махсусан ба Русия интиқоли бор дар як сол дуюним баробар бештар шуд. Дар соли 2022 аз кулли молҳои содиротӣ 44 дарсадаш ба Русия фиристода шудааст.
Қирғизистон ба содиркунандаи асосии атриёт ва собуну маводи ороишӣ табдил меёбад. Ҳамчунин содироти молҳои барқӣ низ ба чашм мерасад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як қатор молҳои Қирғизистон дар соли 2022 бори аввал ба Русия содирот шуданд. Масалан, тавре нашрияи "Кактус медиа" маълум кард, инҳо детонаторҳои электрикӣ ё симҳои тарканда, сарпӯшҳои зарбӣ мебошанд. Ин гуруҳӣ молҳоро дар минаҳои зидди пиёдагард истифода бурдан мумкин аст. Хабарнигорон инчунин дар бораи интиқоли аввалин қисмҳои эҳтиётии чархболҳо, ҳавопаймоҳо ё дронҳо хабар доданд.
Нашрияи дигар – factcheck.kg боз як интиқоли шубҳаовар - пойгоҳи силоҳи снайпериро пайдо кард. Соли 2022 Қирғизистон ин пойгоҳҳоро, ки асосан аз Чин, Амрико ва Ҷопон харида шудаанд, ба Русия нисбат ба як сол қабл 11 маротиба бештар фиристодааст.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Қирғизистон ба Русия дар фиреб додани таҳримҳо барои берун баровардани молаш низ кумак мекунад. Кишваре, ки масоҳати ҷангалаш ҳамагӣ 6 дарсади ҳудудашро ташкил медиҳад, содироти чӯбу тахтаро ба Иттиҳоди Аврупо 18 ҳазор баробар зиёд кард. Дар як таҳқиқоти байнулмилалии рӯзноманигорӣ гуфта мешавад, ки ширкатҳои навтаъсиси Қирғизистон дар соли 2022 содироти чӯби Беларус ва Русияро таъмин мекарданд.
Оморҳои рӯ ба болои ҳамкориҳои Қазоқистону Русия
Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои ғарб, Қазоқистон низ ба Русия содироти маҳсулотеро, ки дар қаламрави ин кишвар истеҳсол намешавад, афзоиш дод. Тибқи маълумоти Дафтари омори миллӣ, дар соли 2022 аз Қазоқистон ба Русия нисбат ба як сол қабл тақрибан 2 миллиард доллар бештар маҳсулот фиристода шудааст. Дар тасвири умумӣ афзоиш ҷиддӣ нест, аммо вобаста ба молҳои алоҳида фарқ аз замин то осмон аст.
Содироти аз ҳама бештар дар бахши «мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобҳо ва дастгоҳҳо" мушоҳида мешавад. Соли гузашта ин навъи маҳсулот аз Қазоқистон ба Русия чоруним баробар зиёд оварда шудааст.
Инчунин дар содироти ашёҳои электрониву рӯзгор ва компютерӣ афзоиши бемисл ба назар мерасад. Дар соли 2022 Қазоқистон ба Русия ба маблағи камаш 150 миллион доллар смартфон фурӯхтааст. Танҳо дар 8 моҳ ҳаҷми ин телефонҳои ҳушманд 88 маротиба афзудааст. Қабл аксари смартфонҳои Қазоқистон ба Қирғизистон фурӯхта мешуд.
Хариди мошинҳои ҷомашӯӣ танҳо дар як сол қариб ба 30 миллион доллар расидааст. Дар ҳоле ки соли 2021 Қазоқистон барои ҳамин мошинҳои ҷомашӯӣ ҳамагӣ 13 миллион доллар сарф карда буд.
Айни чиз ба мониторҳо низ дахл дорад. Агар дар соли 2021 аз онҳо зиёд харида нашудааст, дар соли 2022 воридоти он беш аз сесад баробар афзоиш ёфт.
Қаблан Bloomberg таҳқиқи бозфурӯшии таҷҳизоти маишии аврупоӣ аз ҷониби Қазоқистон ба Русияро нашр карда буд. Муаллифон гуфтанд, ки ҷузъҳои электронии дубора содиршуда, аз қабили чипҳо, метавонанд аз ҷониби истеҳсолкунандагони Русия ба мақсадҳои низомӣ истифода шаванд. Мақомоти ғарбӣ низ пештар гуфта буданд, ки дар тонкҳои Русия микрочипҳо ва микросхемаҳои маишии яхдону мошинҳои ҷомашӯӣ пайдо шудаанд.
Eurasianet менависад, ки як сол пеш аз оғози ҷанг Қазоқистон ба Русия ба маблағи 12 ҳазор доллар нимноқилҳои пешрафта содир карда буд. Дар соли 2022 ин рақам ба 3,7 миллион доллар баробар шудааст.
Мантиқист, ки ҳаҷми содирот асосан дар минтақаҳои наздимарзӣ афзоиш ёфтааст. Дар мавриди воридот, ҳамин Бюрои омори миллӣ ба рақамҳо ишора мекунад, ки он дар як сол ҳаштуним миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, чоряки ин маблағ марбути воридот аз Аврупо аст. Соли гузашта Қазоқистон танҳо барои харидани мошину таҷҳизот ба маблағи 4 миллард доллар бештар маблағ сарф кардааст. Зимнан, бештари таъминкунандагон кишварҳои хориҷаи дур мебошанд.
Ӯзбекистону Русия - омори афзоянда, вале аксаран пӯшида
Дар моҳи феврали соли 2022, аз оғози ҷанг дар Украина, гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон авҷ гирифта, рақамҳо нисбат ба моҳи феврали соли 2021 ду баробар зиёдтар шудаанд. Русия соли гузашта шарики асосии тиҷоратии Узбакистон шуд ва тавонист ҳатто аз Чин пеш гузарад. Мубодилаи мол миёни кишварҳо беш аз 9 миллиард долларро ташкил дод. Ин тақрибан панҷяки ҳаҷми умумии гардиши молии Узбакистонро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми содироти мол аз Узбакистон ба Русия ба таври қобили мулоҳиза зиёда шуда , дар нисбати соли 2021 - 47 фоиз афзуд.
Иттило дар бораи навъҳои моли фурӯхташуда дар даст нест, чунки дар сарчашмаҳои боз ҷузъиёти муомилоти мол бо Русия вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, аз моҳи феврали соли 2022 Агентии омори назди президенти Узбекистон нашри тафсилоти тамоми савдои хориҷии ҷумҳуриро комилан қатъ кардааст.
Бо ин вуҷуд, баъзе омор дар шакли пароканда дар бораи содироти техникаи маишӣ нашр шудааст. Ҳамин тариқ, тибқи ин маълумот, соли гузашта Узбекистон ба Русия 41 ҳазор мошини ҷомашӯӣ, 105 ҳазор яхдон, 146 ҳазор телевизор ва 27 ҳазор чангкашак додааст.
Ҳамчунин афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Русия низ ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта 967 корхона боз гардида, ҳоло дар маҷмӯъ дар кишвар 3156 корхонаи муштарак бо Русия фаъолият мекунанд.
Ба навиштаи “Ведомости”, соли гузашта ширкати чинии Honor ба интиқоли смартфонҳо тавассути Тошканд ба Маскав шурӯъ кард. Ин ширкат дар моҳи марти соли 2022 барои он ки зери таҳрим наафтад, содироти мустақимро қатъ намуд. Моҳи май ИМА ширкати узбекистонии «Промкомплект лоҷистик»-ро барои фурӯши чипҳо ба Русия ба феҳристи таҳримҳо шомил карда буд.
Айни замон, соли 2022 воридоти мол аз баъзе кишварҳо ба Узбекистон шоҳиди афзоиши ғайримуқаррарӣ гардид. Масалан, ҳаҷми воридот аз Имороти Муттаҳидаи Араб беш аз ду баробар, аз Бразилия - 59 фоиз, Олмон - 54 фоиз ва Ҳинд - 42 фоиз афзудааст. Аммо боз ҳам, бо сабаби набуди иттилои фарогир, маълум нест, ки Узбекистон маҳз чиро ворид кардааст.
Ҳафтаи ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо гуфтугузорро оиди эҳтимоли маҳдудиятҳои тиҷоратӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кард. Онҳо метавонанд ин маҳдудиятҳоро ҳангоми муайян кардани таҳвили молҳои таҳримшудае, ки барои истифодаи ниёзҳои рӯзмарра ва ҳам низомӣ пешбинӣ шудаанд, ҷорӣ намоянд. Ин, масалан, таҷҳизот бо ҷузъҳоест, ки барои барқарор кардани техникаи низомии Русия истифода мегарданд. Ба ин гуна молҳо мошинҳои ҷомашӯӣ, худрав ва дастгоҳҳои аксбардорӣ дохил мешаванд. Пеш аз ҷорӣ шудани таҳримҳо зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ, раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ният дорад музокирот анҷом диҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қазоқистон назорати бозсодироти молро ба Русия сахттар мекунадРусия дар як соли ҷанг ба Тоҷикистон чӣ дод ва чӣ гирифт?Bloomberg: Русия бо давр задани таҳримҳо микрочип мехарадАмрико ба зидди як узбекистонӣ барои ёрӣ ба русҳо таҳрим ҷорӣ кардРусия Тоҷикистон ва ҳамсояҳояшро қадр мекунад?Эмомалӣ Раҳмон аз "канда шудани занҷираи ҷаҳонӣ" гуфтТаҳқиқот: Чӯбу тахтаи Беларус чӣ гуна ба Аврупо мерасад?