Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон назорати бозсодироти молро ба Русия сахттар мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон тасмим дорад, аз 1-уми апрел низоми назорати онлайнии маҳсулотеро роҳандозӣ кунад, ки барои бозсодирот ба ин кишвар ворид карда мешавад. Дар ин бора ба нашрияи Financial Times мансабдорони баландмақоми қазоқистонӣ иттилоъ додаанд.

"Мо хатарҳои вобаста ба таҳримҳои такрориро дарк мекунем, аз ин рӯ, тиҷорати дуҷонибаи худро бо ҳамаи шариконамон назорат мекунем", - гуфтааст яке аз мусоҳибони нашрия. Ба гуфтаи вай, Қазоқистон барои коҳиши хатарҳои бозсодирот пайваста кор мебарад.

Ба иттилои Бюрои омори миллии Қазоқистон, соли 2022 содироти мол аз Қазоқистон ба Русия 25 дарсад афзудааст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо Қазоқистонро ба он гумонбар мекунанд, ки дар давр задани таҳримҳои ғарбӣ ба Русия кӯмак мерасонад. Мақомоти Қазоқистон пештар борҳо гуфтанд, ки ба Русия дар ин кор мадад нахоҳанд кард.

Расонаҳо бо такя ба мансабдорони баландпояи аврупоӣ пештар навиштанд, Қазоқистон ҳадди ақал дар расонидани микрочипҳо ба Русия даст дорад. Микрочипҳо аз ҷумла дар мушакҳо истифода мешаванд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, дар сафараш ибтидои моҳи март ба Қазоқистон гуфта буд, И"бо диққат назорат дорад", ки таҳримҳои зидди Русия ба ҳамсояҳои ин кишвар чӣ таъсире мерасонанд.

Бино ба омори Аврупо, содироти Аврупо ба Русия баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо аз моҳи марти соли 2022 то ноябри он сол дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 47 дарсад коҳиш ёфта, 36,3 млрд евроро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти аврупоӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Русия, амсоли Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Узбекистон ва Қирғизистон аз моҳи март то ноябри соли гузашта 48 дарсад афзуда ва 20,3 млрд евроро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG