Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "таҳримҳои иқтисодӣ" дар соли 2022 "занҷираҳои таъминоти молу маҳсулот"-ро дар ҷаҳон канда карданд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми декабр дар паёмаш ба порлумон аз ҳеч кишвар ном нагирифт. Имсол Амрикову ҳампаймонҳояш ба сабаби ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия ба Укриана алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд. Номи Тоҷикистон ҳам дар қатори кишварҳое номбар шудааст, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳо ба Маскав мадад кунанд.
Президент Раҳмон рӯзи 23-юми декабр ҳангоми ироаи паём ба порлумон гуфт, инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб 100 соли охир қарор дорад.
"Дар панҷ соли охир таъсири бархурдҳои геосиёсӣ ва низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, мусаллаҳшавии бошиддат ва оғози марҳилаи ҷанги сард боиси халалдор шудани низоми иқтисодиву тиҷоратӣ байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст," -- афзуд ӯ.
Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд. Русия аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва мақомот ҳам таъсири ин таҳримҳоро ба иқтисоди кишвар рад намекунанд.
Тоҷикистон моҳи марти имсол "Нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" таҳия ва тасдиқ кард. Дар баробари чораҳои дигар, дар ин санад ба Хадамоти алоқа дастур дода шудааст, ки хати алтернативии пайвастан ба интернетро тавассути Чин, Афғонистон ва масири Узбекистон - Туркманистон - Баҳри Каспий биёбад.
Дар ин росто ва умуман дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тағйири чашмрасе мушоҳида намешавад. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалии шарики Тоҷикистон аз таъсири амиқи манфии буҳрони бархоста аз ҷанги Русия ба иқтисоди минтақа бонги изтироб мезананд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ – "Ҷанг дар минтақа" – дар робита ба Тоҷикистон навишт, "ҳамлаи Русия ба Украина сабаби 2 дарсад коҳиш ёфтани рушди иқтисод ва 40 дарсад кам шудани пули интиқолии муҳоҷирон дар соли 2022 хоҳад шуд." Бар изофа, "боло рафтани арзиши сӯзишворӣ, хӯрокворӣ ва хадамоти молиявиву монеаҳо дар тиҷорат", ба пешбинии бонк, "даромади хонаводаҳоро кам ва камбизоатиро бештар мекунад".
Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ навиштаанд, дар чунин шароит "ислоҳот барои беҳтар кардани вазъи соҳибкорӣ" ва "мудирияти беҳтари идораҳои давлатӣ" барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳаётан муҳим хоҳад буд. Дар пешбинии Тоҷикистон тағйире нест.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад. Баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.
Гуфтугӯ