Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷик ва писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидовро ба 7 сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар ба нақл аз манобеи худаш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "ба даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" гунаҳкор шудааст.
Рӯзи 29-уми март аввалин шуда расонаҳои наздик ба мухолифон дар ин бора хабар доданд. "Azda.tv", ки аз Лаҳистон ба забони тоҷикӣ барнома пахш мекунад, гуфт, Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 28-уми март бар асоси моддаи 307, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "даъват ба ифротгароӣ” зиндонӣ кард.
Шамсиддин Саидов, падари Абдуллоҳи Шамсиддин ва яке аз фаъолони мухолифони тоҷик дар Аврупо, рӯзи 28-уми март дар Фейсбук навишт, "режими Раҳмон падарамро кушт, худамро 15 сол ва инак писарам Абдуллоҳро ба 7 сол сол зиндон маҳкум намуд."
Манбаъҳои наздик ба низоми додгоҳии Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад карда натавонистанд. Бархе гуфтанд, чунин мурофиа нашудааст, бархи дигар бар инанд, ки шояд он дар шароити махфӣ ҷараён гирифта бошад, вале санадеро марбут ба он надидаанд.
Назари Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин камаш то 17-уми март дар ҷадвали кори Додгоҳи ноҳияи Сино дида намешавад. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мурофиа рӯзи 28-уми март оғоз шуда, "ба меъёрҳои мурофиаи одилона ҷавобгӯ набуд."
"Мақомот далелҳоеро, ки барои зиндонӣ кардани ӯ истифода шудаанд, бояд оммавӣ кунанд," – омадааст дар изҳороти Human Rights Watch. Созмон дар айни замон озодии фаврии ӯро хостааст.
Даҳҳо муҳокима ва ҳукмбарории додгоҳҳои Тоҷикистон ахиран паси дарҳои баста ва ба таври махфӣ ҷараён гирифтаанд.
Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи январи имсол аз Олмон ихроҷ ва ба қавли наздиконаш тавассути фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе бурда шуд. Тақрибан ду моҳ дар куҷо буданаш маълум набуд. Ҳамсараш рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки бо Абдуллоҳи Шамсиддин телефонӣ гап зад ва "ӯ дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст".
Наздикону дӯстонаш ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон борҳо озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда, ихроҷашро аз Олмон, ки аз соли 2009 дар он ҷо мезист, танқид намудаанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар 20-уми марти имсол аз мақомоти Берлин хост, барои озодии Абдуллоҳ Шамсиддини 33-сола ба Тоҷикистон фишор биоварад. Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмон, гуфт, мақомоти Олмон хатари ба бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ шудани ӯро медонистанд, вале боз ҳам ба Тоҷикистон фиристоданд.