Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI аз Раҳмон хост, ба қазияи Абдуллоҳи Шамсиддин дахолат кунад


Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостааст, ба қазияи Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷик аз Олмон, дахолат кунад.

Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва сарнавишташ норӯшан аст.

Созмони Афви Байнулмилал дар номае 10-уми март ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон навиштааст, дар сурати мавҷуд набудани далелӣ кофӣ барои айбдор кардани ӯ дар ҷинояте Абдуллоҳи Шамсиддин “бояд фавран озод шавад.”

Ин созмон гуфтааст, онҳо ба чунин натиҷа расидаанд, ки зоҳиран Абдуллоҳи Шамсиддин ба хотири падараш, ки узви баландмақоми Ҳизби наҳзати исломист, таъқиб мешавад.

Абдуллоҳи Шамсиддин пас аз расидан ба Тоҷикистон нопадид шуд. Вазири корҳои дохилӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки макони нигаҳдории ӯро намедонанд. Рӯзи 7-уми март Сумая Пирова, ҳамсари ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш занг зада ва гуфтааст, дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

“Бе эълони айб ва бе ҳеч тамосе бо олами берунӣ боздошти шахс нақзи ҳуқуқи инсон аст ва бояд фавран хотима дода шавад. Ин вазъ боис мешавад, ки боздоштшуда шиканҷа шуда, бо ӯ бераҳмона муносибат кунанд,”—гуфта шудааст, дар номаи Amnesty International ба Эмомалӣ Раҳмон.

Ин созмон аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки макони нигаҳдории Абдуллоҳи Шамсиддинро дақиқ намояд ва назорат кунад, то шиканҷа нашавад.

“Абдуллоҳи Шамсиддин бояд фавран озод шавад, ба шарте, ки агар ширкаташ дар ҷинояте исбот нашуда бошад. Дар акси ҳол, ӯ бояд ҳақ пайдо кунад, ки озодона адвокат интихоб кунад ва макони нигаҳдориаш ба хонаводааш маълум бошад,”—гуфта шудааст, дар нома.

Ин созмон гуфтааст, номаро ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон ирсол кардааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз мавқеашонро дар мавриди Абдуллоҳи Шамсиддин равшан накардаанд ва ба таври расмӣ боздошти ӯро шарҳ надодаанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин 32-сола аст ва аз соли 2009 дар Олмон мезист. Дар бораи тарзи ихроҷаш гуфтугузор зиёд аст. Пайвандонаш мегӯянд, қазияи ӯ ба навиштани маълумоти хато ҳангоми даромадан ба хоки Олмон ва гирифтани паноҳандагӣ рабт дорад.

Як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар моҳи январ гуфта буд, ки ӯ қаблан ба гумони зӯроварӣ ба зан боздошт ва ба пардохти ҷарима муваззаф шуда буд. Нуктае, ки баъзе аз афроди наздик ӯ рад намекунанд, аммо мегӯянд, ин ҳодисаи 11 сол пеш асту худаш ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст.

Пас аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва намояндагони баъзе аз созмонҳои мухолифони тоҷик дар Олмон эътирозу гирдиҳамоӣ карданд, вале аз тарафи мақомоти ин кишвари аврупоӣ посухе нагирифтанд. Онҳо ташвиш доранд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳам қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, ки дар Тоҷикистон ғоибона ба зиндон маҳкум шудааст, шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.

Пас аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG