Пайвандони Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов аз "дармондан"-и парвандаи онҳо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ташвиш доранд.
Ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро ду сол пеш дар Қирғизистон дастгиру муҳокима карда, дертар ба Душанбе супурданд. Ҳоло дар зиндони ноҳияи Ёвон ҳастанд. Мехоҳанд, қарори Додгоҳи Бодканди Қирғизистон бекор ва онҳо аз ҳабс озод карда шаванд.
Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, мегӯяд, шавҳараш дар оғоз рӯҳияи баланд дошту умедвори раҳоӣ буд, "ҳоло бисёр афсурда аст".
Вай рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро ҳафтаи гузашта дар зиндон дид: "Саломатияш хуб нест. Ҳар лаҳза мепурсад, ки чаро баррасии парвандаи онҳо тӯл кашид."
Хонум Ҷабборова афзуд, барои фаҳмидани асли масъала ба чанд идора сар зад, аммо ба ҷуз ваъда чизе нагирифт.
"Ба қабули муовини раиси Додгоҳи олӣ рафтам. Пештар ба Додситонии кул рафта будам. Бо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон суҳбат доштам. Гуфтанд, ки парванда дар ҳоли баррасӣ асту зуд афв мешаванд. Аз ин гап се моҳ гузашт," – нақл кард ӯ.
Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки парвандаи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов "дар ҳоли баррасӣ аст". Бештар аз ин шарҳ надод. Нагуфт, ки оё эҳтимоли тағйири ҳукми онҳо ҳаст ё не.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, вале дар деҳаи Борбодуқи вилояти Бодканди Қирғизистон мезистанд.
Онҳоро пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, дастгир карданд.
Муфаттишони Қирғизистон гуфтаанд, дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Дигариро ба ғоратгарӣ ҳангоми даргирӣ гунаҳкор донистанд. Наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот асос надорад ва аз ин рӯ озодии онҳоро мехоҳанд.
Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров гуфт, аз он замон то ҳоло бо кӯдаконаш дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ доранд. "Барои ба Душанбе ва Ёвон рафтану омадан қарздор шудам. Агар мақомоти Тоҷикистон маро бо парванда шинос намекарданд ва ваъдаи афв намедоданд, шояд умедвор намешудем," -- мегӯяд ҳамсари Абдурозиқ Юнусов.
Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи ҷанҷолҳои марзӣ даҳҳо шаҳрванди якдигарро ба гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ва ё иттиҳомҳои дигар боздошт карда, дертар қисмеро табодул намуданд.
Ду кишвари ҳамсоя зиёда аз 970 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъину нишонагузорӣ нашудааст. Аз ин рӯ, байни сокинон барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.