Ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон дар Қирғизистон, ки барои идомаи адои ҷазо ба кишвар оварда шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд ҳастанд. Мақомот ба наздиконашон иҷоза додаанд, ки онҳоро бибинанд, вале нагуфтаанд, ки бо Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов чӣ хоҳанд кард.
Додгоҳе дар Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро 14-уми сентябри соли 2021 ба гуноҳи "ҷиноят алайҳи сулҳ" ва "ғоратгарӣ" аввал ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Дертар ҳукм ба бештар аз 20-солии зиндон иваз шуд.
Ба иттилои манобеъ, онҳоро 7-уми июн аз Қирғизистон оварданд. Ҷузъиёташ маълум нест. Рӯшан нест, ки оё Тоҷикистон дар иваз ба ҷониби Қирғизистон касеро супурдааст ё не.
Пайвандонашон гуфтанд, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро рӯзи 16-уми июн дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд диданд. Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш хеле лоғар шудааст, аммо ҳоло рӯҳияаш болида аст.
“Бовар надоштем, ки аввал муҳлати зиндонашон кам ва сипас ба Тоҷикистон супурда мешаванд. Воқеан, мақомоти дахлдор талош карданд. Ҳоло умед дорем, ки нисбат ба онҳо хулосаи мусбат медиҳанд”, -- гуфт ӯ.
Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бе зикри ном гуфт, Додситонии кул парвандаи онҳоро ба баррасӣ гирифта, рӯзҳои наздик хулосаи худро ироа мекунад.
Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ҳам гуфт, ҳоло ба таҳияи ҳуҷҷатҳо машғуланд. “Санадҳоро аз забони қирғизӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод хоҳем кард,” – гуфт Наргис Ҷабборова.
Муҳокимаи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар Бодканд дар расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозтоби зиёде дошт, чун онҳо баъди муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар дар моҳи апрели соли 2021 дастгир шуданд.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, аммо дар деҳаи Борбодуки вилояти Бодканди Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Онҳоро баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дастгир карданд ва муфаттишони қирғиз гуфтаанд, дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфтаанд.
Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд, ҳарчанд хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон мегуфтанд, ки иттиҳомот асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Бодканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.
Дар он муноқиша, ки аз бадтаринҳо дар таърихи истиқлоди ду кишвар буд, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва бештар аз 200 каси дигар маҷруҳ шуданд. Қирғизистон пас аз муноқиша марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро боздошту зиндонӣ кардаанд.
Ҳоло маълум нест, сарнавишти Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов чӣ мешавад, аммо ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров мегӯяд, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ мақомоти додситонӣ ва додгоҳии Тоҷикистон парвандаи ҳардуро баррасӣ карда, мумкин аст, ҷазои онҳоро кам кунанд. “роҳи дувум, бар асоси муроҷиати пайвандонашон, раисиҷумҳури Тоҷикистон метавонад, ҳардуро афв ва аз адои ҷазо озод кунад,” – шарҳ дод ҳуқуқдон.