Пайвандҳои дастрасӣ

 
Аъзои як оилаи тоҷик мегӯянд, "аз тарс" ба хонаи худ дар Қирғизистон барнамегарданд. ВИДЕО
Хабари нав

Аъзои як оилаи тоҷик мегӯянд, "аз тарс" ба хонаи худ дар Қирғизистон барнамегарданд. ВИДЕО


Наргиса Юнусова мегӯяд, дар хонаи волидонаш дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ дорад
Наргиса Юнусова мегӯяд, дар хонаи волидонаш дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ дорад

Пайвандони як ҷавони тоҷики муқими Қирғизистон, ки баъд аз муноқишаи маргбор дар сарҳад бо Тоҷикистон, ба бист сол зиндон маҳкум шудааст, моҳҳо боз ба хонаи худ дар он кишвар рафта наметавонанд. Падар, ҳамсар ва се фарзанди Аскар Юнусов дар ҳоли ҳозир дар манзили наздикон дар ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Қаблан онҳо дар ҳудуди деҳаи Борбоддуки Қирғизистон мезистанд.

"Агар бароем..."

"Се моҳ боз аз хонаи пайвандон баромада наметавонем. Агар бароем, ё сарҳадбонҳои Қирғизистон дастгир мекунанд ё марзбонҳои Тоҷикистон. Ҷарима банданд, аз куҷо меёбем? Аз замони боздошт ва маҳкум шудани писарам 42 ҳазор сомонӣ қарздор шудем," – гуфт Абдуазиз Юнусов, падари Аскар Юнусов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомоти Қирғизистон ба зидди наздикони Аскар Юнусов расман иттиҳоме эълон накардаанд, вале онҳо аз эҳтимоли боздошт ё таъқиб шудан дар он кишвар меҳаросанд. Ҳамсари ӯ, Наргиса Юнусова, мегӯяд, соли гузашта бо фарзандонаш дар Қирғизистон барои чанд соат дастгир шуда буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ночор дар Тоҷикистон монданд, хона дар Қирғизистон холист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Нигаронӣ аз чист?

“Пулиси Қирғизистон 17-уми майи соли 2021 маро бо кӯдакон аз хона гирифта бурд. Муносибаташон хеле бад буд. Азоб доданд. Фарзандонам тарсиданд. То омадани шавҳарам ҳамчун гаравгон дар онҷо қарор доштем. Ҳанӯз ҳам метарсам,” -- нақл кард Наргиса Юнусова охири моҳи декабр ба Радиои Озодӣ.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарнавишти баъдии ин хонавода чизе нагуфтаанд. Ҷониби Тоҷикистон қаблан танҳо ҳаминро гуфта буд, ки бо ҳукми Аскар Юнусов розӣ нест ва барои бозбинии он талош дорад.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон моҳи сентябри соли 2021 Аскар Юнусов ва шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоровро ба ҳабси абад маҳкум карда, сипас, онро бо 20-солии зиндон иваз намуд. Онҳоро моҳи майи соли гузашта, дар пайи низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дастгир карда, ба ғоратгарӣ ва ҷиноят ба зидди сулҳ гунаҳкор донистанд. Пайвандон "амали барқасдона" мешуморанд.

Аскар Юнусов
Аскар Юнусов

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, аз телефони Аскар Юнусов акси ӯро силоҳ ба даст пайдо карданд ва аз хонааш низ чанд тир ёфтанд. Падараш Абдуазиз Юнусов мегӯяд, “фарзанди ман дар ҳеч ҷо расман кор намекард ва ба боркашонию кафшергарӣ машғул буд. Мардикорӣ мекард, вале ҷинояткор набуд.”

Ба қавли наздиконаш, Аскар Юнусов дар толори додгоҳ ба бегуноҳии худ исрор варзида, озодияшро хостааст, аммо ҷониби Қирғизистон ба ҳақ будани худ пофишорӣ дорад.

"Ҷудоӣ" дар як кӯча

Абдуазиз Юнусов мегӯяд, онҳо беш аз 30 сол боз дар деҳаи Борборддуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мезистанд дар онҷо сабтиноми расмӣ доранд. Деҳаи Борбордукки Қирғизистон ва ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистонро як кӯча аз ҳам ҷудо мекунад, вале ҳоло дари онҳо ба рӯи якдигар бастааст.

Мақомоти Қирғизистон аз моҳи апрели соли гузашта 5 тоҷики муқими деҳаи Борбордукро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ моҳи ноябри соли гузашта навишта буд, ки бино ба гузоришҳо, ҳудуди даҳ шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон боздошт шуда, чаҳор нафар аз 2,5 то 5 сол маҳкум шудаанд.

Ин боздоштҳо пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли гузашта дар марз сурат гирифтаанд, ки ду кишвар дар сар задани он якдигарро гунаҳкор медонанд. Муноқишае, ки аз ду тараф даҳҳо кушта, захмӣ ва хонаҳои вайрону сӯхта ба ҷой гузошт.

Додситонҳои кулли ду кишвар аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушоданд, аммо бо гузашти тақрибан як сол натиҷаҳои онро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG