Як собиқадори ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бо хонаводааш дар шароити сахте зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, агар мадади шахсони хайрхоҳ намешуд, аз сардӣ нобуд мешуданд. Вагоне, ки се утоқи хурд дорад, 28 сол боз дар деҳаи Тебалай макони зисти Қувват Зоиров ва ҳамсару фарзандонаш аст.
Деҳаи Тебалай дар 10-километрии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, вале ба ҷамоати Балхоби ноҳияи Муъминобод дохил мешавад.
"Аввал дар кӯчаи Гагарини шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекардем. Шароит вазнин буд. Дар як хона се келин дуруст нагирифтанд. Соҳибкоре дар соли 1994 ҳамин вагонро дод," – нақл кард Қувват Зоиров.
Ӯ мегӯяд, барои корнамоиҳояш дар дохилу хориҷ даҳҳо медалу ифтихорнома додаанд. Иддао мекунад, ки ҳангоми баҳсҳои сарҳадӣ низ ҳамроҳи ҳамсафонаш ба маҳалли ҳодиса даъват мешаванд.
Дар шаҳрдории Кӯлоб гуфтанд, ба чунин афрод ёрӣ мерасонанд ва Қувват Зоиров ҳам истисно нест. Ба қавли Бахтиёр Назарзода, раиси Кӯлоб, "аз ҳисоби буҷет ба 15 нафар кумаки молӣ расонда шуд."
Зоиров рад намекунад, ки туҳфа гирифтааст, вале шикоят дорад, ки "қобили истифода набуд". Ба гуфтааш, "25 кило орд доданд. Гуфтем, бӯй мекунад. Мегӯянд, хайр, шукрона кунеду ҳаминро бихӯред. Худат хӯр, ку хӯрда метавонӣ?"
Дар пайи номаҳои бешумори Қувват Зоиров ҳукумати ноҳияи Муъминобод ҳам ба ӯ ёрӣ кардааст. Қоил аст, ки барои сохтмон 25 халта соруҷ ё семент гирифт.
Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод гуфтанд, роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ба дар сохтмони хонаи ӯ кумаки бештар кунанд.
Хуршед Амирализода, раиси ҷамоати Балхоб, гуфт, "аз рӯи имкон кумак мекунем. Дар ҳақиқат, эҳтиёҷманд аст, дастгирӣ мекунем. Ваъда шудааст, бояд 500 “сементблок” диҳем."
Ҳоло номаҳо дар дасту медалҳо дар пеши бар мунтазири кумаки бештари ду ҳукумати маҳаллӣ аст. 207 сомонӣ нафақа мегирад ва гоҳе рӯзгорашро бо духтани пойафзол мегузаронад.
Яке аз духтарҳояш маъюби рӯйи бистар аст, дигаре фаррошӣ мекунад, то кумак расонад. Ба падаре, ки ба гуфтааш нерӯро ба хидмат сарф карду дар пеши бар чандин медал дорад, вале натавонист, барои худу фарзандон хонае бисозад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад