Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон
Омӯзгор вориди синф шуд ва рӯйи тахта бо ҳарфҳои калон навишт: “MINIMUM WAGE”. Яъне мо, донишҷӯён, пеш аз ин ки устод биншинад ва роёнаашро рӯшан кунаду коғазу қаламҳояшро паҳн намояд, ба баҳси тозаамон дар бораи “ДАСТМУЗДИ ҲАДДИАҚАЛ” танҳо чанд дақиқа фурсати омода шудан дорем.
Хушбахтона, чанде пеш дар ин бора ҷустуҷӯҳое анҷом дода будам ва дилам пур буд, ки агар профессор Ҳилл маро ҳам барои гурӯҳи баҳс интихоб кунад, ҳарфу далелҳои устуворе дар зеҳн дорам.
Пас, дар пайи он шудам, ки пеш аз оғози гуфтугӯ суханронии кӯтоҳу гирое омода кунам. Лек то саволҳо рӯи тахтаи электронӣ пайдо шуданд, гумон кардам, шамоли сарде вориди синф шуд ва тамоми сару поямро ба ларза даровард. Чун пурсишҳое доштем, мисли:
- Камтарин дастмузди ҳаддиақал барои соати корӣ дар кишвари Шумо чӣ қадр аст?
- Коргаре, ки дастмузди ҳаддиақал дорад, чӣ мизон маблағро метавонад солона пасандоз кунад?
Омӯзгор чаҳор донишҷӯро номбар кард. Ритои амрикоӣ, Посколи фаронсавӣ, Сорои инглисӣ ва Ҷостини канадаӣ. Дар кул бештарин дарсади гурӯҳи моро донишҷӯёни хориҷӣ аз гӯшаҳои гуногуни олам ташкил медиҳанд.
Шаб, ки ба тахтҳои гармашон медароянд, ҳеч ба гӯшаи хаёлашон мерасад, ки онҷо, дар берун ва дар дили торикии шаҳр хонаводаҳое ҳастанд, ки бесарпаноҳанд?
Гуфтугӯ шуруъ шуда буд ва донишҷӯён ҳар як чизе мегуфтанд. Дар ин миёна ҳар аз гоҳе донишҷӯе ё худи устод суолҳоеро матраҳ мекарданд, то назари суханваронро бишнаванд. Лек ман ҳар чӣ талош мекардам, зеҳну хаёламро ҷазби дарсу синф кунам, афкорам маро ба ҷои дигаре мебурд. Дуруст шабеҳи оҳанрубое, ки ҷисме оҳаниро ба самти худаш мекашад, Тоҷикистон мағзу ҳуши маро ҳар дам ба сӯи худаш мекашид.
Ҷастин мегуфт, ки дар Канада ё дақиқтар дар зодгоҳаш Квебек музди ҳаддиақал барои як соат кор 13.50 доллар ё ҳамон 11.61 евро ташкил медиҳад. Рито ба ҳайрати тамом мегуфт; пас, дар Ню Ҷерсӣ музди ҳаддиақал камтар аз Квебек буда, зеро дар онҷо 13 доллар ё 10.32 евро аст. Ҳамчунин бо ташдиде ишора мекард, ки дар бақияи устонҳо (штатҳо) ин нишонгин фарқ мекунанд ва барои мисол дар Калифорния ин миёнгин 14 доллар ё 12 евро аст.
Поскол ба назар мерасид, намехост, аз дигарон кам биёварад, пас аз зикри ин, ки маоши ҳаддиақал дар Фаронса 10.48 евро аст, илова кард, ки дар сурати ниёз фалону фулон кумакҳои молӣ низ барои шаҳрвандон дар назар гирифта шудаанд. Соро мисли кӯдаке, ки ҳис карда ҷое фиребаш додаанд, вале намехоҳад ба рӯи худаш биёварад, гуфт: дар Ингилистон камтарин музди кор дар як соат 4.30 фунт стерлинг ё 5.10 евро аст. Аммо ин музд барои ашхосест, ки аслан собиқаи корӣ надоранд ё байни 16-18 сол син доранд. Вагарна ин нишонгин барои ашхоси болои 20 сол 8.36 фунт стерлинг ё 9.90 евро аст.
Ин арқом ба гӯшам медаромаданд, аммо наметавонистам ҳеч вокуниш дошта бошам. Он лаҳза ба чизе ҷуз Тоҷикистон фикр карданам номумкин буд. Пас ба назди профессор Ҳилл рафта, аз ӯ иҷоза гирифтам, то синфро тарк кунам. Вақте ҳам далелашро пурсид, ночор гуфтам, ки сарамро дарди шадид гирифтаву мехоҳам назди парастори донишгоҳ биравам. Ӯ ҳам розӣ шуду ман аз синф берун омадам.
Ба китобхона рафтаму рӯ ба рӯи нахустин роёнаи холие, ки пайдо кардам, нишастам. Дар интернет, тибқи охирин маълумоти нашршуда, баландтарин музди моҳона дар Тоҷикистон барои кормандони бонк ва суғурта ба қайд гирифта шуда, ки 3397 сомонӣ мебошад. Ин маблағ ба 302 доллар ё 261.68 евро баробар аст. Яъне музди рӯзонаи як корманд бо баландтарин музди кор мешавад чизе ҳудуди 9.74 доллар ё 8.44 евро. Соати корӣ тақрибан 7-8 соат дар рӯз аст. Ҳоло агар он маблағро ба соатҳо тақсим кунем як соати корӣ ҳудуди 1 евро ва чанд сент мешавад.
Дунболи посухи дигар пурсишҳоям мегаштам, ки ёди пайғоми бузургворе уфтодам. Муҳтавои нома ин буд, ки оё ҳаводиси Меҳан барои идома додани ҳамсуҳбатиям бо ҳаммеҳанон дигар ангезае намедиҳад? Ёди чанд нафари дигар низ уфтодам, ки мегуфтанд чиро аз ин масъала наменависӣ? Чиро дар бораи фалонӣ чизе нагуфтӣ? Чиро ин? Чиро он? Чироҳои фаровоне дар як дам шабеҳи сақфи гилие, ки дар зилзилае шадид фурӯ мерезад, бар сарам хароб шуданд.
Ва воқеан ман чӣ дорам, ки бароят бигӯям? Чӣ дар зеҳни кӯчак мечархад ба ҷуз афкори мушавваш, чӣ дар дили ман мезияд ба ҷуз орзуҳои бузург ва аз чӣ мехоҳад бинависад қалами борики ман ҷуз Тоҷикистону одамони босафояш!?
Ман агар чизе навиштаам ё менависам танҳо аз ту ва барои туст, ҳаммеҳанам. Ҳоло шояд бипурсӣ чиро ин дафъа номаи бедуруд ё ин хотираномаи талхро бароят навиштам? Ё шояд касе ҳам “тибқи одати амниятӣ” бигӯяд, ман фақат аз камбудиҳо мегӯям ва ҳоло ҳам барқасдона кишварҳои пешрафтаро мисол задаам. Хуб, ту бигӯ, чиро аз онҳо мисол назанам?
То кай қарор аст Тоҷикистони ману туро бо кишварҳои ҷангзада бо кишварҳои зери хатти фақр ё кишварҳое бо низоми диктатурии мутлақ муқоиса кунанд? Ва моро маҷбур ба он созанд, ки шукронаи беҳтар будани ҳоламон нисбат бо онҳоро кунем?
Ҳол он ки нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мисли орду равғану ғайра бо нархҳои Аврупо баробар аст. То кай падари тоҷикистонӣ дар бозорҳо ароба бикашад? То кай модари тоҷикистонӣ ба суолҳои фарзандаш ё хоҳишҳои соддаву кӯдаконааш мисли хӯрдани як дона ширинӣ бигӯяд, ин дафъа пул надорам, бошад, дафъаи дигар бароят мехарам ва расидани он дафъаи баъдӣ рӯзест, ки танҳо Худо медонад, кай хоҳад расид.
Ҳоло худат инсоф бидеҳ ва бигӯ, бо ин ҳол, ман аз кадом дарду аз кадом муолиҷа бароят бигӯям?!
То ба кай бародари тоҷикистонӣ ба муҳоҷират биравад, то ба ин роҳ битавонад андаке аз ниёзҳои хонаводаро таъмин намояд? Чиро ҳаммеҳани ману ту аз ноилоҷӣ дохили қуттии оҳанӣ (вагон) зиндагӣ кунад? Намедонам онҳое, ки рӯи курсиҳои нарми порлумону вазорату идораҳо ва ҳукумат нишастаанд, чӣ гуна метавонанд ба ин ҳама ранҷу парешонии мардум бетараф бошанд? Чӣ қадр сукути ману ту амиқ шуда, ки ин ҳама ҷасорат пайдо кардаанд!? Ба ростӣ, оё вақте субҳҳо савори мошинҳои пурсуръати худ мешаванд, ба суръати болоравии нархҳои бозор фикр мекунанд?
Ё дар утоқи кории худ ба мушкилоте амсоли камбуди ҷои кор ё хешу таборбозиҳои худашон меандешанд? Оё замони наҳор хӯрданашон дар он қаҳвахонаву ресторонҳои муҷалал ёде аз он кӯдак мекунанд, ки чандест хӯроки ба гӯшт нахӯрда, зеро падару модараш тавоноии харидани онро надоранд? Шомгоҳ, ки ба қасрҳову хонаҳои барҳавояшон бармегарданд, чашмҳояшон аз он баландӣ дар кӯчаҳои рӯ ба торикии шаҳр он навраси хурдафурӯшро намебинад, ки то дервақт кор мекунад? Шаб, ки ба тахтҳои гармашон медароянд, ҳеч ба гӯшаи хаёлашон мерасад, ки онҷо, дар берун ва дар дили торикии шаҳр хонаводаҳое ҳастанд, ки бесарпаноҳанд?
Ҳаммеҳани азизам, бовар кун, ки ҳеч кадоми инҳое, ки номбар кардам худашон интихоб накардаанд, чунин зиндагии пурмашаққате дошта бошанд. Аммо аз шахси раисҷумҳур гирифта то ҳар як вазиру кабиру муовину ғайраву ҳоказоҳо дар муқобили ин миллат муваззафанд. Боису бонии афзоиши фақр дар кишвар амалкарди нодурусти ҳукумат асту бас.
Медонӣ ошно, ҳукумат шабеҳи соат аст. Ҳатто агар давлат дорои тамоми мӯҳраву печҳои лозим барои омода кардани як соати хуб бошад, то замоне ки соатсоз ноуҳдабаро бошад, соат ба кор намедарояд. Ё он қадр печу мӯҳраҳо иштибоҳ ҷогузорӣ хоҳанд шуд, ки он соат ҳеч гоҳ замони дурустро нишон нахоҳад дод. Хулоса, агар ман ҷое сукут кардам, ту аз ман дилгир нашав, азизи дил. Охир он чи мебинам ин аст.
Вабо дар сарзамин бедод мекунанд, одамон яке пас аз дигарӣ доранд гирифтори вабо мешаванд, аммо ҳанӯз аввалӣ шукронаи онро мекунад, ки имрӯз вабо нагирифтаву ҳоло то фардо Худо бузург аст. Ва дигарӣ, одамони давру бараш аз вабо мемиранд, лек ӯ ҳанӯз шоду шукргузори он аст, ки дастикам навбати худи ӯ имрӯз набуда. Ҳоло худат инсоф бидеҳ ва бигӯ, бо ин ҳол, ман аз кадом дарду аз кадом муолиҷа бароят бигӯям?!