Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вагон – ба хонаи дуҳуҷраӣ. Зуҳро ва шаш фарзандаш манзили нав ёфтанд. ВИДЕО


Зуҳро Сайфуллоева бо шаш фарзандаш аз вагон ба хонаи нав кӯч баст
Зуҳро Сайфуллоева бо шаш фарзандаш аз вагон ба хонаи нав кӯч баст

Зуҳро Сайфуллоева, сокини ноҳияи Ҳисор, бо кумаки мардум соҳиби як манзили дуҳуҷраӣ шуд.

Мехоҳам, ки кӯдакон соҳиби маълумот шуда, мисли ман дар зиндагӣ азоб накашанд

"Аз мактаб дер намемонем, ба интернат намеравем"

Барои Муҳаммадёсини 4-сола муҳит дар хонаи наву пур аз меҳмон ҳоло бегона аст ва гиря мекунад. Ҳоло ин тифл дарк намекунад, ки хонаи нав хатари ҷудо шудани ӯро аз модар аз байн бурд.

Муҳаммадёсин фарзанди хурдии Зуҳро Сайфуллоева аст. Модаре, ки бо шаш фарзанд дар вагони сарду оҳанӣ мезист. Баръакси Муҳаммадёсин, шодии модар ва хоҳарбузурги ӯ Мадина, ки ҳатто барои мактабравӣ пояфзол надошт, ҳадду канор надорад. “Дигар аз мактаб дер намемонем, интернат ҳам намеравем, дар паҳлӯи модарам мемонем”, - гуфт Мадина рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба Зуҳро ва шаш фарзандаш хонаи нав доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

"Пули хона дар чанд соат ҷамъ шуд"

Зуҳро Сайфуллоева, модари Мадина ва Муҳаммадёсин, тассавур намекард, ки дар як рӯз зиндагии ӯ комилан дигар мешавад. Пас аз як рӯзи нашри гузориш дар бораи зиндагии пур аз мушкили Зуҳро Сайфуллоева, мардуми зиёде ба кумаки ӯ шифотанд.

Зуҳро Сайфуллоева бо 6 фарзандаш дар ҳамин вагон зиндагӣ доштанд
Зуҳро Сайфуллоева бо 6 фарзандаш дар ҳамин вагон зиндагӣ доштанд

Дар чанд соат аз ҷониби соҳибкорону муҳоҷирон ва хайрхоҳон пули як хона ҷамъ шуд. Бо маблағи 15 ҳазору 500 доллар барои ӯ дар маркази Ҳисор хонаи дуҳуҷраӣ хариданд. Зӯҳро Сайфуллоева бо 6 фарзанд ва ашки шодӣ рӯзи 18-уми октябр вориди хонаи нави худ шуд. Хонае, ки пеши роҳи пароканда шудани як оила ва дур шудани 6 фарзанд аз модарро гирифт.

Аз вагон – ба хона. Ба Зуҳро фарзандонаш хона ҳадя карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

“Умед надоштам. Худам ҳайрон мондам, ки ин қадар одамони хайрхоҳ зиёд будаанд ва дар як рӯз соҳиби хона шудем. Хона шароит дорад, обу барқ ҳаст. Вале ду кӯдаки хурдӣ гиря доранд ва мегӯянд, ки ба хонаи худамон равем. Онҳо дар майдони кушод, ки дар онҷо сагу гурба ҳаст, одат кардаанд”, - гуфт Зуҳро Сайфуллоева.

“Кӯдакон бо таҳсил фаро гирифта мешаванд”

Ин модар бо 6 фарзанд то як рӯзи пеш дар вагони сарду оҳанӣ дар бадтарин шароит зиндагӣ дошт. Ба хотири наҷоти кӯдаконаш аз сардиву оворагӣ мехост, онҳоро ба ятимхона супорад. Аммо мақомот ба далели он ки кӯдакон ятими кул нестанд, ин дархости ӯро рад кард. Аз 6 фарзанди Зуҳро танҳо 3 нафар шаҳодатномаи таваллуд дорад. Ҳоло мақомоти ноҳияи Ҳисор барои таҳияи шаҳодатнома ва таҳсили дурусти фарзандони ин модар даст ба кор шудаанд.

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси деҳаи «Сайёд» дар Ҳисор, ки Зуҳро Сайфуллоева онҷо дар вагоне зиндагӣ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти шаҳри Ҳисор дирӯз комиссияи махсус ташкил карда, аз пайи таҳияи санади кӯдакони ин модар ва ба таҳсил фаро гирифтани ҳама фарзандони ӯ шуданд. То кӯдакон тавонанд, ки дар шароити хуб зиндагӣ ва таҳсил кунанд.”

Вокунишҳо аз дохилу хориҷ

Зуҳро Сайфуллоева
Зуҳро Сайфуллоева

Гузориш дар бораи ин зан, ки рӯзи 17-уми октябр дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва берун аз он бознашр шуд. Мардум аз якдигар даъват мекарданд, ки дар чунин рӯзе ҳиммат ва мавқеи шаҳрвандии худро нишон диҳанд.

Соҳибкорону афроде, ки аз дохилу хориҷи кишвар барои соҳиби сарпаноҳе шудан ба модару 6 фарзанди ӯ кумак карданд, худро муаррифӣ накардаанд. Вале бо ин амали худ дили модари танҳову овораро ба зиндагӣ ва ояндаи хуби фарзандон гарм намуданд. Зуҳро Сайфуллоева гуфт, “сипос аз ҳамаи онҳое, ки маро бо 6 фарзанд соҳиби хона карданд. Шароитамон хуб аст ин ҷо.”

Дари хонаи нави Зуҳро Сайфуллоева имрӯзҳо боз аст ва занги телефонаш хомӯш намешавад. Мардум аз роҳи дуру наздик бо ҳадяву лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор, меҳмони ин модар мешаванд.

Зиндагии сахт, баъди онки шавҳар “гум шуд”

Хона ҳанӯз пурра муҷаҳҳаз нест, аммо афроди зиёде ба Зуҳро Сайфуллоева ваъда доданд, ки тамоми шароитро барояш дар хонаи нав фароҳам меоранд. Барояш ин зан ва фарзандони ӯ суратҳисоб ҳам боз шудааст. Ҳоло ягона хоҳишаш ин аст, ки дар ҷое кор пайдо кунад, то фарзандонро таъмин ва соҳибилм кунад.

​“Дар ягон ҷо кор карда, кӯдаконро нигоҳубин мекунам. Мехоҳам соҳиби маълумот шаванд ва мисли худам дар зиндагӣ азоб накашанд”, - мегӯяд Зуҳро Сайфуллоева.

Зуҳро Сайфуллоева бо шаш фарзанди кӯчакаш дар хонаи вагонӣ. Акс аз рӯзи 17-уми октябр
Зуҳро Сайфуллоева бо шаш фарзанди кӯчакаш дар хонаи вагонӣ. Акс аз рӯзи 17-уми октябр

Зиндагии Зуҳро Сайфуллоеваро Радиои Озоди 3 сол боз пайгирӣ дорад. Соли 2016 пас аз як матлаб дар бораи зиндагии Зуҳро бо фарзандонаш дар ғоре дар Ҳисор, яке аз наздикони ӯ пайдо шудаву нигоҳубини модару кӯдаконро ба уҳда гирифт. Аммо пас аз як муддат Зуҳро Сайфуллоева дубора бо фарзандонаш бесарпаноҳ монд. Ду соли ахир ба гуфтаи ин модар ӯ ва кӯдакон дар дашт ва хонаҳои мардум зиндагӣ кардааст. Ахиран ҳам аз ночорӣ вагони оҳаниеро дар теппаи Уртабуз макони зист қарор дод.

XS
SM
MD
LG