Худойназар Маликов, сокини Хоҷаи Аъло, гуфт, "боғчаи кӯдакон дар ҷамоати Чоркӯҳ ва 7,5 - 8 километр ҷойгир аст. Барои ҳамин, то ин замон ягон оила кӯдаки худро ба онҷо намебурд."
"То замони ба мактаб рафтани кӯдакон илму донишро дар хона ёд медиҳем. Бунёди кӯдакистон хуб аст, пешравӣ мешавад," – илова кард Зуҳро Ҳайдарова, сокини дигари Хоҷаи Аъло.
Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳи Исфара наздик ба 4 ҳазор аҳолӣ дорад. Аз рӯйи лоиҳаи CASA-1000 дар кӯдакистон ду гурӯҳ ташкил шуда, ҷамъан наздик ба 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Худойназар Маликов мегӯяд, "вақте кӯдакистон обод шуд, бовар дорам, барои ҳар як кӯдаку падару модараш хуб мешавад. Кӯдакон дар инҷо илму фарҳангу чанд забонро хоҳанд омӯхт. Боис ба пешравии деҳа ва ҷамоату ноҳияи мо хоҳанд шуд."
Як муасиссаи омӯзишӣ дар деҳаи марзии Сомониён (Исфара) низ сохта мешавад. Ҳоло дар онҷо сохтмон идома дорад. Моҳи сентябри имсол зиёда аз 200 хонандаро қабул хоҳад кард. Шаҳрдории Исфара мегӯяд, бо мадади тарҳи CASA-1000 чанд иншооти тандурустӣ ва барқрасонӣ низ сохта мешавад.
Тарҳи CASA-1000 як барномаи байнулмилалӣ аст, ки иҷрояш соли 2017 бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Арзиши тарҳ як миллиарду 200 миллион доллар буда, чаҳор кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро бо як хати барқ ба ҳам васл мекунад. Бино бар гузоришҳои охир, то ҳол ними барнома ба иҷро расидааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад