Озодӣ: Матбуоти ғарбӣ навишт, ки Блинкен мехоҳад, мавқеи баъзе аз ҳампаймонҳои суннатии Маскавро дар робита ба ҷанг дар Украина дигар кунад. Ба фикри шумо чӣ?
Темур Умаров: "Вазирони корҳои хориҷӣ ё котибони давлатии Амрико дар тӯли корашон як бор ба Осиёи Марказӣ, асосан ба Қазоқистону Узбекистон, меоянд. Ин як одати дипломатӣ шудааст. Дар давраи президентии Трамп, Майк Помпео низ ба минтақа омада буд. Ҳоло дар пасманзари идомаи ҷанг дар Украина, ҳар гаште, ки Ғарб ё ягон кишвари дигар бо Осиёи Марказӣ мекунад, ба назар мерасад, ба муқобили Русия ё тағйири мавқеи кишварҳои минтақа дар мавриди ҷанг дар Украина нигаронида шудааст. Бо берун рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ҳузури Вашингтон дар минтақа эҳтимол ба ҳадди ақалли таърихӣ поин омад. Аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир Амрико дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои бузурги стратегӣ надорад. Сафари намояндаи Департаменти давлатиро ба Осиёи Марказӣ бояд маъмулӣ қабул кард. Сафаре, ки дар ҷараёни он мавзӯи ҳамкорӣ баррасӣ мешавад. Иёлоти Муттаҳида бешубҳа хоҳад гуфт, ки аз тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад. Яъне, аз ин сафар ягон сюрприз интизор нестам."
Озодӣ: Гуфтед, ки бо хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, ҳузури Вашингтон дар минтақа то ҳадди ниҳоӣ поин омад. Бо вуҷуди ин, оё Иёлоти Муттаҳида талош дорад, ба минтақа нишон диҳад, ки Осиёи Марказӣ барояш ҳанӯз муҳим аст, бахусус дар пасманзари ҷанг дар Украина?
Темур Умаров: "Иёлоти Муттаҳида худро ҳамчун қудрати муҳимтарин ва тавонотарин дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки котиби давлатӣ Блинкен ва намояндагони дигар на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба ҷумҳуриҳои дигар, ки аз хоки Амрико дуранд ва манфиатҳои миллии Вашингтон онҷо нест, сафар мекунанд. Воқеан, ҷанг дар Украина тасаввуроти кишварҳои Осиёи Марказиро дар бораи шароиташон каме дигар кард ва минтақаро барои Иёлоти Муттаҳида муносибтар намуд. Аммо он қадар муҳим не, ки Амрико дубора вориди минтақа шавад. Дар равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико тағйироти сохторӣ сурат нахоҳад гирифт. Мо шаклҳои нави ҳамкорӣ, рушди иқтисодӣ ва болоравии ҳамкориҳои низомии ин кишварҳоро намебинем. Бо дарназардошти он ки ҳоло тамоми нерӯ ба Украина нигаронида шудааст, захираҳое, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кунад, бисёр маҳдуд аст. Кишварҳои минтақа ба сабаби вобастагии зиёд аз Русия наметавонанд, мавқеи зидди Русияро бигиранд. Танҳо барои он ки Амрико аз онҳо хостааст. Онҳо мефаҳманд, ки Русия даҳсолаҳо боз дар инҷост. Дарк мекунанд, Чин дар инҷост, чун марзи умумӣ дорад."
Озодӣ: Доналд Лу, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, гуфт, кишварҳои минтақа бо Русия равобити дарозмуддат доранд ва фикр намекунад, ба ин зудӣ равобитро бас кунанд. Вай гуфт, "бо онҳо дар бораи нақше суҳбат доранд, ки бозида метавонанд". Ба фикри шумо, он чӣ нақш буда метавонад?
Темур Умаров: "Бояд дарк кунем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони чандон зиёд надоранд, то ба ҷараёни муноқиша таъсир расонанд. Яъне, тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, масалан, Владимир Путин ё Владимир Зеленскийро маҷбур кунанд, ки ақида ё рафтори худро ба навъе дигар кунанд. Онҳо барои ин дастгоҳи фишори хеле маҳдуд доранд. Мумкин аст, барои мисол, ба монанди Раҳмон, дар шароити ҳозира кӯшиш кунанд, ки аз Русия таваҷҷуҳи бештар бихоҳанд; кӯшиш кунанд, ки аз Русия манфиат бигиранд, аммо дар айни замон дар бораи муноқиша комилан чизе нагӯянд. Мумкин аст, мисли Қазоқистон ошкоро бигӯянд, ки ҳеч гуна амалиёти низомиро дастгирӣ намекунанд, тарафдори сулҳу ҷонибдори риояи тамоми қонунҳои байнулмилалӣ ҳастанд. Аммо дар асл талош доранд, аз шароити нав то андозае фоида ба даст оранд, яъне тиҷорат бо Русияро афзоиш диҳанд."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин гуфт, "моро ҳурмат кунед" ва чӣ шунид? ВИДЕООзодӣ: Блинкен дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида ширкат хоҳад кард, то пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаро ба истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кунад. Ин ибора чӣ маъно дорад? Оё ин паём ба Русия аст?
Темур Умаров: "Вақте Русия изҳор медорад, ки сабаби асосии ҷанг Украина аст, ки аз сӯи болшевикон ва Ленин таъсис шудааст, боис ба ташвиши зиёди кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад. Дар бораи ҳар яке аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳаминро гуфтан мумкин аст ва бо ин баҳона оғоз кардани ҳар амалиёте имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст, ки бидонанд дар сурати таҷовузи Русия, ҷонибдоронашон ҳаст. Си Ҷинпин қабл аз нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Самарқанд дар Қазоқистон ҳаминро гуфта буд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ ҳаминро мегӯянд. Аз оғози ҷанг дар Украина дар ҳама гуна мулоқоти дипломатӣ тақрибан як чизи ҳатмӣ шудааст."
Озодӣ: Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин дар мусоҳиба бо ТАСС гуфтааст, Амрико ва Аврупо муносибатро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза тақвият бахшида, талаб доранд, ҷанг дар Украина маҳкум карда шавад. Маскав кишварҳои минтақаро аз наздикшавӣ бо Амрико ҳушдор дод. Вокунишҳо чӣ гуна хоҳанд буд?
Темур Умаров: "Мо ҳамеша дарк мекардем, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи сиёсати хориҷии Русия тасмим намегирад. Ҳамаи инро дар Кремл кабул мекунанд, ҳамаи инро дар дастгоҳи иҷроияи президент ва шахсан президент қабул мекунанд… Ин аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дикта карданро зарур мешуморад, ки бо киҳо дӯстӣ кунанд ва ё дӯстӣ накунанд. Азбаски дар ин ниҳодҳо қарор қабул намешавад, ҳама чиз танҳо дар сухан аст ва Владимир Путин ва Кремл ҳамон тавре ки хоҳанд, амал мекунанд. Барои мисол, имрӯз Путин аз хоб мехезад ва чунин мешуморад, ки рафтори Қазоқистон ба қадри кофӣ дӯстона нест ва зиддирусӣ аст ва дастур медиҳад, ҳамон кореро, ки соли гузашта дар 24-уми феврали соли гузашта рух дода буд, анҷом диҳанд. Ҳеч кас аз ин эмин нест. Ҳоло намегӯям, ки ин як сенарияи имконпазир аст, ба гумон аст, вале ин ҳама пешгӯинашаванда шудааст."