Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боррел сиёсати Русияро хатаре ба Осиёи Марказӣ донист


Ҷозеп Боррел
Ҷозеп Боррел

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, сиёсати зӯргӯёнаи Русия хатаре ба ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, аст.

Ҷозеп Боррел дар ин бора 24-уми феврал, дар солгарди ҳамлаи беасоси Русия ба Украина, ибрози назар кард.

Ӯ дар баёнияе гуфт, "бинобар ин, бояд ҳамкориро бештар кунем. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, Осиёи Марказӣ як минтақаи боз барои иртибот ва ҳамкорӣ бошад."

Русия дар доираи созмонҳое чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳампаймони муҳими кишварҳои Осиёи Марказист.

Тоҷикистону ҳамсояҳояш дар як соли ҷанг бо Маскав сиёсати тағйирпазир доштанд.

Аз як сӯ аз дастгирии ҷанбаи сиёсии он фосила гирифтанд, то истиқлоли худро ба намоиш гузоранд ва аз сӯи дигар ҳамкории худро тақвият доданд. Чунин бархӯрди эҳтиёткорона на ҳамеша Маскав ва шарики наздиктаринаш Минскро қонеъ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG