Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоши, ба гуфтаи он, "рекордӣ" ё бесобиқаи гардиши савдои хориҷии кишвар хабар дод. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба бештар аз 7,5 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд будааст. Вале оморҳои се ниҳоди давлатии Тоҷикистон дар бораи тиҷорати хориҷӣ бахусус содироти мол зиддунақизанд.
Дар ҳоле, ки Вазорати рушди иқтисод аз афзоиши содирот дар соли гузашта хабар медиҳад, ду ниҳоди давлатии дигари кишвар баръакс аз коҳиш омор оварданд. Дар хабарномаи расмии Вазорати рушди иқтисод омадааст, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа дар ҳаҷми 2,3 миллиард доллар маҳсулот содир кардааст, ки назар ба як соли пеш 30,4 дарсад бештар аст.
Аммо Оҷонсии омори Тоҷикистон содироти маҳсулотро 2 миллиарду 142 миллион доллар номидааст, ки дар муқоиса ба як соли қабл 0,4 дарсад ё 7,6 миллион доллар кам шудааст. Оҷонсии содироти кишвар гуфтааст, содирот дар соли 2022 назар ба як соли пеш 1,2 дарсад камтар аст. Маълум нест, чаро оморҳои идораҳои давлатии Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми содироти мол зиддунақизанд.
2 млрд. содирот 5 млрд. воридот
Вале ончӣ иқтисодонҳоро нигарон кардааст, манфӣ будани тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон аст чунин ва вазъ солҳо боз тағйир намеёбад. Аз ҷумла соли гузашта ҳаҷми содироти Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар, вале ҳаҷми воридот аз 5 миллиард бештар аст.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин масъала набояд боиси нигаронӣ шавад ва кишварҳои дигар низ ҳаст, ки тавозуни гардиши савдояшон манфӣ аст.
Завқизода рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, “аслан паҳлӯи манфӣ доштани ҳамон гардиши савдои хориҷӣ на ҳамеша барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ манфӣ арзёбӣ мегардад. Чунки мо таҳлил кардем, 78 фоизи воридоти молу маҳсулоти Тоҷикистон ин барои ба мақсадҳои рушд, яъне ҳамчун ашёи хом барои коркарди маҳсулоти саноатӣ ё ин ки таҷҳизоту технология барои ба роҳ мондани маҳсулоти саноатӣ ва ба ҳамин монанд сарф мешавад. Хоҳ- нохоҳ Тоҷикистон ё иқтидори дар шароити Тоҷикистон истеҳсоли он технологияро надорад.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот иқрор мекунанд, ки феълан наметавонанд чунин тавозуни манфиро баробар созанд.
“Агар баъзе маҳсулотро гирем ба монанди гандум он қадар замине надорад, ки ин гуна гандумро дар Тоҷикистон коркард ва ё агар гандумро коркард кард, ба он тарзе ки дар иқлими Қазоқистону Русия мешавад, ба он дараҷа нахоҳад шуд. Ё ин ки мо захираҳои нафтӣ надорем ва хоҳ-нохоҳ, маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеро ворид мекунем, ки инҳо барои рушди ҳамаи соҳаҳо лозиманд. Мо яку якбора дар 5-10 солаҳои минбаъда агар хоҳем ҳам, тарози манфиро ислоҳ карда наметавонем,”-шарҳ дод, вазири рушди иқтисод ва савдо.
Тоҷикистон чӣ содир ва чӣ ворид мекунад?
Тибқи иттилои расмӣ, молу маҳсулоте, ки Тоҷикистон асосан ба хориҷа содир мекунад ин маъдану консентратҳо, металҳои қиматбаҳо, нахи пахта, алюминийи аввалия, нерӯи барқ, меваю сабзавот ва семент аст. Ба қавли намояндагони Вазорати рушди иқтисод, фуруши чунин маҳсулот, аз ҷумла маъдану металҳои қиматбаҳо дар бахши содиротии кишвар вазн ё ҳисаи хосе дорад.
Аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногун аз қабили нафтию фармасефтӣ, воситаҳои нақлёт ва таҷҳизоти он, чубу тахта, нуриҳои минрералӣ, либосу пояфзол, гандум, равғани раставнӣ, шакар, меваю сабзавот, маҳсулоти гуштиву макаронӣ ворид мешавад.
Бархе иқтисоддонҳо бар инанд, ки то замоне тавозуни манфӣ дар додугирифти мол идома меёбад, пойбандии кишвар аз бозори беруна боқӣ мемонад ва ин ба нархи маҳсулоту зиндагии сокинон ҳам бетаъсир нахоҳад монд.
Коршинос: мардум ба мушкил дучор мешаванд
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев, рӯзи 14-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тавозуни манфӣ дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон боиси беқурбшавии пули миллӣ ва афзоши нархи молу маҳсулот шудааст.
Вай афзуд, ки “то ба он ҳадде аст, ки вақте содирот нисбати воридот кам аст, мардум ҳам ба мушкил дучор мешаванд. Ба воситаи афзоши содирот Тоҷикистон қурби асъори миллиашро дар сатҳи муайян нигоҳ медорад. Ҳангоми кам шудани он дар ин ҳолат қурби асъори хориҷӣ гарон шуда, ин ба зиндагӣ, некуаҳволии мардум таъсир мерасонад.”
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтанд, бо роҳандозии чораҳои мухталиф талош мекунанд, ҳаҷми молҳои содиротиро бештар ва воридотиро кам кунанд.
Дар бештар аз 30 соли ахир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамеша манфӣ арзёбӣ мешавад. Дар гузашта коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки барои баробар намудани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, блоки иқтисодии кишвар бояд ба масъалаи ташкили корхонаҳо ва афзоши истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир таваҷҷӯҳи бештар диҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон ба Ҷазираҳои Вирҷиния ба 16,2 млн доллар маҳсулот фиристодаастАз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 12 тонна тило бурдаанд. Ба куҷо?"Куштани мурғи зиёд". Дар Душанбе гуфтанд, ки чаро тухм гарон шуд. ВИДЕОБурдани пиёз, картошка ва сабзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа манъ шуд. ВИДЕОТоҷикистон ба хориҷа ба маблағи $106 миллион барқ додааст