Бо гузашти се моҳ аз афзоиши бесобиқаи нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон, масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби онро ба куштани мурғҳои зиёд пайванд доданд.
Пештар намояндагони Вазорати кишоварзӣ сабабро гаронии нархи хӯроки паранда гуфтанд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал гуфт, афзоиши тавлидоти гӯшти мурғ дар соли гузашта боис ба гаронии нархи тухм дар бозорҳои кишвар гашт.
Вай теъдоди мурғҳои кушташударо нагуфт. "Дар моҳҳои сентябр-октябр бино бар сабаби онки куштани маҷбурии мурғҳои тухмдеҳ бисёр шуд, нархи тухми мурғ ҳам гарон шуд," – шарҳ дод ӯ.
Дар пайи афзоиши назарраси нархи тухми мурғ, тоҷирон талафоти зиёди мурғҳоро далел меоварданд. Масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ чунин иддаоро беасос хонда, гуфтанд, "талафот миёни чӯҷаҳои то ҳафтрӯза сабт шуд" ва он ҳам дар сардиҳои ҳафтаҳои охир.
Дар ҳоли ҳозир як дона тухми мурғ дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон то 1 сомониву 70 дирам аст. Қаблан як донаи он аз 80 дирам то як сомониву 10 дирам буд.
Болоравии нархи тухми мурғ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард дона тухм истеҳсол шудааст. Мақомот мегӯянд, беш аз 16 миллион дона тухмро ба Афғонистон ва наздик ба 3 миллион дона тухми "инкубатсионӣ"-ро ба Узбекистон содирот карданд.
Гуфтугӯ