Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 12 тонна тило бурдаанд. Ба куҷо?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷа тақрибан 12 ҳазору 140 кило тило содирот кардааст. Маблағи умумии он ба 715 миллион доллар баробар аст.

Бино ба санаде аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми феврал дид, бахши асосии тило (беш аз 9 тоннаю 784 кило)-ро дар соли гузашта ба Швейтсария бурдаанд.

Ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 ҳудуди 41 миллион доллар зиёд аст. Дар он замон аз Тоҷикистон ба Швейтсария беш аз 9,1 тонна тило содирот шуда буд.

Тайи ду соли охир содироти филизи гаронбаҳо аз Тоҷикистон ба Чин низ майли афзоиш дорад.

Тибқи санади Хадамоти гумрук, содироти тилои Тоҷикистон ба Чин махсусан дар нимсолаи дуюми соли 2021 ва шашмоҳаи аввали соли 2022 авҷ гирифтааст.

Дар умум тайи соли гузашта аз Тоҷикистон ба Чин ҳудуди ду тоннаю 355 кило тило содирот гардидааст ва ин нишондоди бесобиқа аст. Арзиши тилои содиротшудаи Тоҷикистон ба Чин дар соли гузашта 142 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2021 ба Чин зиёда аз ду тоннаву 232 кило (ба маблағи наздик ба 129 миллион доллар) тило содирот карда буд. Солҳои қабл аз он содироти назарраси тило ба Чин сабт нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG