Гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кӯмак ба келини истинтоқшуда дар Исфара гирди ҳам омада, ба аёдати ӯ рафтанд. Онҳо ба Мадина Сиддиқзода ва тифли чормоҳаи ӯ, ки акнун аз хонаи шавҳар рафта, дар манзили пайвандонаш зиндагӣ дорад, кӯмаки молӣ расонидаанд. Барои аввалин бор ин келин соҳиби симкорту телефон ва суратҳисоби бонкӣ шудааст.
Таваҷҷӯҳ ба сарнавишти Мадина Сиддиқзода пас аз роҳ ёфтани наворе зиёд шуд, ки дар он ӯ барои нонхурӣ аз сӯйи хушдоманаш “бозпурсӣ” ва сарзаниш мешуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин рафтори хушдоманро хушунат номида, хостанд ӯ муҷозот шавад. Хушдомани Мадинаро ҷарима карданд ва худи ӯ хонаи шавҳарро тарк кард.
Мадина Сиддиқзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як сол зери зулму ситами модарарӯсаш қарор дошт. Ҳоло ӯ аз шавҳараш, ки гунгу ношунаво аст, расман ҷудо нашудааст, аммо дигар намехоҳад ба хонаи онҳо баргардад ва ният дорад зиндагии худро мустақилона пеш барад. Хонаводаи шавҳар ҳодисаро шарҳ надодааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Арӯсе, ки аз тарси хушдоман нонро пинҳонӣ мехӯрд, аз хона рафтааст. ВИДЕО"Модар золим шуданаш мумкин нест"Кумитаи занон бо келину хушдоман дар Исфара вохӯрдТо 320 сомонӣ ҷарима. Муаллифи "истинтоқ"-и арӯсро дар Исфара ёфтаанд