Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон ба қазияи пурсарусадои арӯсу хушдоман дар Исфара вокуниш кард.
Масъулонаш рӯзи 22-юми январ бо нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, хушдоманеро, ки дар навор барои буридаи нон арӯсро “истинтоқ” мекард, диданд.
Ба гуфтаи онҳо, навор як сол пеш сабт шуда, ҳоло арӯси хонавода фарзанд дорад.
Дар эъломияи Кумитаи кор бо занон гуфта шудааст, ки сабаби “муносибати нангини хушдоман”-ро муайян карданд, аммо тафсилот надодаанд.
Вокуниши Кумитаи кор бо занон ба қазияи келину хушдоман дар ҳолест, ки баҳсҳо дар атрофи он як ҳафта боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.
Дар ин баҳсҳо баъзе аз корбарон аз Кумитаи занон танқид карданд, ки ба чунин қазияҳо таваҷҷӯҳ ва барои пешгирӣ аз ҷанҷол дар хонаводаҳо коре намекунад.
Гуфтугӯ