Ба зидди як зан дар шаҳри Исфара, ки навори "истинтоқ"-и арӯсаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, парвандаи маъмурӣ (Моддаи 931. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила) кушодаанд.
Ба ӯ аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Намояндагони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 20-уми январ гуфтанд, таҳқиқ идома дорад.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане арӯси оиларо дар рӯ ба рӯи дурбини телефони мобилӣ “истинтоқ” мекунад.
Фишор меорад, ки дигар бе иҷозат нон нахӯрад ва ваъда диҳад, ки нисбати хонавода беҳурматӣ ва ба шавҳар хиёнат намекунад. Арӯс ҳам гуфтаҳои хушдоманро такрор мекунад.
Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии Суғд, рӯзи ҷумъа дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод хонаводаро дар шаҳри Исфара ёфтанд. Ӯ гуфт, нисбат ба хушдоман ба иттиҳоми “зӯроварӣ дар оила” парванда кушоданд.
Нисбат ба шахсоне, ки ба узви аз нигоҳи моливу иқтисодӣ вобастаи оила фишор меоранду зӯроварӣ мекунанд, аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима дар назар аст.
Пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногун ба бор овардааст. Назарҳо яксон нест.
Гуфтугӯ