"Хешу табор даромаданд, ҷасадро диданду тарсиданд" ВИДЕО

Абдуқаҳҳор Розиқовро, ки дар шароити мармуз ҷон дод, рӯзи 4-уми январ дафн карданд

Додситони минтақаи Кӯлоб марги пурсарусадои Абдуқаҳҳор Розиқовро баъди боздошт шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шарҳ дод.

Баҳодур Ҷӯрахон рӯзи 1-уми феврал гуфт, дар пайванд ба ҳодиса, ки дар аввали моҳи январи имсол боис ба эътирози даҳҳо нафар шуд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” муттаҳаманд.

Як милиса дар боздошт аст. Ду нафари дигар то анҷоми тафтиш ба шарти берун нашудан аз ҷойи зист озод шудаанд.

“Сабаби кашол ёфтани ташхис дар он аст, ки хешу табораш ба сардхона зада даромаданд. Диданд. Як сабаби ноҳинҷор шуданашон ҳам ҳамин буд. Ҷасадро диданд, тарсиданд. Гуфтанд, ба экспертизаи Кӯлоб бовар надоранд. Аз ҷумҳурӣ овардем. Ба мо ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик натиҷааш мебарояд,” – шарҳ дод ӯ.

Даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона эътироз карда, гуфтанд, то сабабгорони марги Абдуқаҳҳор Розиқов боздошт нашаванд, ҷасадро намегиранд. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт.

Баҳодур Ҷӯрахон, додситони минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, “баъзе аз хешу табори марҳум ба эҳсосот дода шуданд. Хуб аст, ганда аст, ба сари ин оила ҳодисаи мудҳиш омадааст. Хонаводаи ҷавон бофаҳм ҳастанд. Ҳамкорӣ дорем. Баъзан қувваҳо ҳамин қазияи Кӯлобро моҳирона ба манфиати худ истифода карда истодаанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Хешу табор даромаданд, ҷасадро диданду тарсиданд"

Наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 30-юми январ низ бо талаби тафтиши одилона дар назди ҳукумати шаҳр эътироз карданд. Мақомот кушодани парвандаро нисбат ба баъзе эътирозгарон аз эҳтимол дур намедонанд.

Қутбиддин Достизода, додситони шаҳри Кӯлоб, гуфт, "дар арафаи оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳолатҳое ҳастем, ки ба идомаи тафтишот монеъ шуданд. Вақте муҳлати тафтиш ба анҷом расид, қарори ниҳоӣ қабул мекунем.”

Абдуқаҳҳор Розиқов ба иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир шаби 2-юми январ дар Кӯлоб боздошт шуд ва дар шароити мармуз даргузашт.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери шиканҷа ҷон додааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар эъломияе гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.