Пайвандонаш гуфтанд, пас аз онки як кумисюн бо ҳузури раиси шаҳри Кӯлоб "дар бораи боздошту бозпурсии се маъмури милиса хабар дод", ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро аз сардхона гирифтанд.
Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи "боздошту бозпурсии се маъмури милиса" чизе нагуфт, аммо сабаби марги Розиқовро "истифодаи зиёди амфетамин" номид.
Сафар Гиёев, тағои Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар дасташ изи дастбанд аст" ва "баданаш пур аз осори шиканҷа". Бинобар ин, ба гуфтааш, дар назди сардхона ҷамъ шуда, талаб карданд, то сабабгорони марги ҷиянаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. "Милисаҳое, ки шаб ӯро бурда буданд, бояд ҷавоб диҳанд," – гуфт Гиёев.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ дар эъломияе сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро шарҳ дод.
Бино бар иттилои вазорат, ки тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест, "шаҳрванд Розиқов А.И. пеш аз дастгир шудан теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расид."
Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст ва қазия бояд мунсифона таҳқиқ шавад. Додситонии минтақаи Кӯлоб дар пайванд ба ҳодиса парванда кушодааст.
Абдуқаҳҳор Розиқов чанд сол пеш ба гумони муомилоти маводи мухаддир боздошт ва 12 сол зиндонӣ шуда буд. Ба қавли наздикон муҳлати ҷазояш тамом нашуда, аммо шартан дар озодӣ буд ва ҳар ҳафта дар борааш ба пулис гузориш медод.
Амакаш Ромиш Розиқов гуфт, маъмурони милиса шаб хонаашонро кофтукоб карданд, вале "Милисаҳое, ки ӯро бурданд, мешиносем. Ба беморхона бурдаанд, духтурон гуфтаанд, аллакай мурдааст, ба МОРГ баред. Мошинааш то ҳол пушти дари милисахона аст," – афзуд ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.
Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мавзӯест, ки дар гузориши созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамвора мояи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистон мешавад. Мақомот вуҷуди бадрафториро инкор намекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд.
Гуфтугӯ