Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро дафн карданд, аммо баҳси наздиконаш бо мақомот монд


Кӯлоб, 4-уми январи 2022
Кӯлоб, 4-уми январи 2022

Ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо, ки шаби 2-юми январ боздошт шуда, дар шароити мармуз ҷон дод, рӯзи 4-уми январ дар оромгоҳи "Тамошотеппа"-и шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа фавтидааст, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги ӯро "истеъмоли зиёди як навъ маводи мухаддир" донист.

Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чанд аксу навор гуфтанд, ки дар маросими дафни Абдуқаҳҳор Розиқов теъдоди зиёди одамон ҷамъ шудаанд. Як рӯз пеш наздиконаш аз гирифтани ҷасади ӯ аз сардхона худдорӣ карда, аз мақомот талаб доштанд, ки сабабгорони марги ӯро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дертар пайвандонаш гуфтанд, як кумисюни давлатӣ ба онҳо "се маъмури боздоштшудаи милиса"-ро нишон дод ва ҷасадро аз сардхона гирифтанд. Мақомот дар бораи боздошти гумонбарони ҳодиса иттилоъ надоданд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб дар пайванд ба марги Абдуқаҳҳор Розиқов парванда кушодааст, аммо таҳқиқи аввалия ҳанӯз дастраси матбуоту ҷомеа нест. Хулосаи санҷиши тиббиву додгоҳӣ ҳам эълон нашуда.

Пайвандонаш аз оғоз пофишорӣ доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа дар идораи корҳои дохилии минтақа ҷон додааст. Тағояш Сафар Гиёев рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "баданаш пур аз осори шиканҷа буд".

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марги ин сокини шаҳри Кӯлобро ба "истеъмоли амфетамин" рабт доданд. Дар эъломияи вазорат аз 3-юми январ, ки тасдиқаш аз манобеи мустақил имкон надорад, чунин омадааст: "Шаҳрванд Розиқов А.И. пеш аз дастгир шудан теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расид."

Вазорат гуфтааст, Абдуқаҳҳор Розиқовро бар асоси баёноти шахси гумонбар ба харидуфурӯши маводи мухаддир Акбар Пиронов дастгир карданд.

Хешовандонаш мегӯянд, Абдуқаҳҳор Розиқов чанд сол пеш ба гумони муомилоти маводи мухаддир боздошт ва 12 сол зиндонӣ шуда, вале шартан дар озодӣ буду ҳар ҳафта дар борааш ба пулис гузориш медод.

Марги мармузи ӯ пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба по кард. Бисёриҳо мақомотро барои рафтори номуносиб бо гумонбарон танқид кардаанд. Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.

Аз ҷумла, Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, моҳи апрели соли 2021 баъди дастгир шудан аз сӯйи маъмурони милиса ҷон дод. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ӯ ба қасди фирор худро аз ошёнаи севум партофт. Наздиконаш бовар надоранд ва ҷуброни зарари маънавӣ мехоҳанд.

Соли 2018 наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфта буданд, ки ҷасади ӯро баъд аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латукӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтанд. Мақомот далели шиканҷа шудани ӯро рад карда, гуфтанд, Назаров аз сактаи қалбӣ даргузашт.

Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки соли 2011 бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва баъди 10 рӯз ҷон дод.

Волидони Шамсиддин Зайдуллоев соли 2015 иддао карданд, ки ӯ бар асари латукӯби маъмурони Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Мақомот гуфтанд, ӯро муътодӣ ё "ломка"-и маводи мухаддир кушт.

Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, охири моҳи августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дастгир шуда, пас аз як ҳафта дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, кормандони пулис ӯро барои гуё риш доштан задаанд. Баъзе аз маъмурони милиса гуфта буданд, Умар Бобоҷонов дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ афтода, аз ҳуш рафт.

Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон мавзӯест, ки дар гузориши созмонҳои маҳаллӣ ва байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамвора мояи интиқодҳо мешавад. Мақомот вуҷуди бадрафториро инкор намекунанд, аммо мегӯянд, сухан дар бораи мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG