Арӯсе, ки навори истинтоқ шудани ӯ аз тарафи хушдоман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, аз хонаи шавҳараш рафтааст.
Мадина Сиддиқзода мегӯяд, кӯдаки чормоҳа дорад ва дар манзили яке аз пайвандон ҷойгир шуд.
"Мехоҳам, фарзандамро дар муҳити хуб калон кунам. Намехоҳам, фарзандам ба мисли ман азобу кулфат кашад. Намехоҳам, асабҳояш хароб гардад," -- нақл кард ӯ.
Хонаводаи шавҳари Мадина Сиддиқзода дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиндагӣ мекунанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ба хонаи онҳо рафт ва аз модари оила дар бораи навору муносибат бо арӯси хонавода пурсид. Розӣ нашуданд, дар назди дурбин суҳбат кунанд ва мавқеи худро бигӯянд.
Мадина Сиддиқзода мегӯяд, навор бо иштироки ӯ ва хушдоманаш пас аз як моҳи оиладорӣ ва тақрибан соле пеш сабт шуда, нав ба интернет роҳ ёфтааст.
"Вақте гурусна мешудам, дасторхон меоростам. Хушдоманам мегуфтанд, нону авқот нахӯру заҳр хӯр. Аз гапҳояшон тарсида, нонро пинҳонӣ гирифта, хӯрда будам," -- гуфт ӯ.
Ин сокини Исфара мегӯяд, дар ҳафтмоҳагияш оилаи онҳо аз ҳам пошид. Падару модараш ҷудо зиндагӣ мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як муддат зери парастории модарбузург монду пас аз фавти ӯ ба хонаи модарандар рафт. Аз онҷо ба шавҳар баромад. Ҳоло дар манзили аммааш маскун шудааст.
Абдуманноф Нурматов, аммабачаи Мадина Сиддиқзода, мегӯяд, "баъд аз паҳн шудани навор чанд нафар хостанд, ба парастории худ гиранд. Ӯ духтари тағоям аст. Дар назди мо калон шудааст. Дар қатори хоҳаронам мешинад. Худамон парасторӣ мекунем."
Масъулони Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон ду ҳафта пеш бо нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, хушдоманеро, ки дар навор барои буридаи нон арӯсро "истинтоқ" мекард, диданд.
Дар эъломияи Кумита гуфта шудааст, ки сабаби "муносибати хушдоман"-ро муайян карданд, аммо тафсилот надоданд. Хушдоманро товон бастанд.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ гуфт, "мо пешакӣ ҳеч чиз гуфта наметавонем. Натиҷа чунин шуда истодааст, ки оила аз нав барқарор мешавад. Мо кӯшиш мекунем, онҳо дар як кулба зиндагӣ ба сар баранд."
Мадина Сиддиқзода мехоҳад, дар ягон ҷой кор кунад ва мустақилона зиндагиро пеш барад.
Дар Тоҷикистон зиндагии якҷояи арӯс бо хушдоман дар чанд соли аввали оиладорӣ мисли “қонуни нонавишта” аст. Ҳамзамон хонаводаҳои ҷавон ба зиндагии мустақилона ва озод аз назорати волидон бартарӣ медиҳанд.
Як пажӯҳиш дар соли 2018 муайян карда буд, ки дар оилаҳои тоҷик нақши хушдоман дар тамоми тасмимгириҳои келину писар, аз хариди ашёи гаронбаҳо гирифта то тарбияи фарзандону истифодаи маблағи фиристодаи мардҳо аз Русия, бузург аст. Нақше, ки ҳар кас мехоҳад, онро дошта бошад ва “ҷанг” дар оила низ бар сари он аст.