Додситонии Рашт таҳқиқи парвандаи Султон Назарзода, сокини ин ноҳияро, ки ба гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш Маҳинаи Холаҳмад дар боздошт аст, ба поён расондааст. Пайвандонаш рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "мурофиаи ӯ эҳтимол ҳафтаи оянда шуруъ шавад". Маҳинаи Холаҳмад ду моҳ пеш худро ба дарё партофт. Хонаводаи шавҳараш гуфтанд, ӯ баъди талоқ гирифтан даст ба худкушӣ зад. Модари Маҳина мегӯяд, хешовандони шавҳараш ӯро азият доданд.
“Гуфтам, оилаатро вайрон накун”
Манзили Арӯс Назарова дар деҳаи Хоҷаалии ноҳияи Рашт ду моҳ боз мотамхона аст. Ин зан дар як вақт аз се азизи худ ҷудо шуд. Келинаш худро ба дарёфт партофт, писарашро боздошт карданд ва набераашро бурданд. Мегӯяд, субҳи 4-уми августи имсол, баъди як ҷанҷол, писараш гуфтааст, ҳамсарашро талоқ дод.
Арӯс Назарова, хушдомани Маҳинаи Холаҳмад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте ба хона даромадам, писару келинам барои гирифтани набера баҳс доранд. Гуфтам, дар ҳоле писаратро қабул мекунам, ки модараш ҳамроҳаш бошад. Писарам гуфт, ки ба тағоям занг занед, омада ӯро барад." Суҳбати мо хонум Назарова моҳи сентябри имсол дар хонааш сабт шуд.
Ба гуфтаи ин зан, баъди талоқ гирифтан, келинаш чизҳои худро ҷамъ карда, мехост, ба хонаи падараш равад. Арӯс Назарова мегӯяд, чанд дафъа келинашро насиҳат кард, ки оилаи ободашро вайрон накунад. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Рашт, набераашро гирифта, ба хонаи дигар гузашт ва чанд лаҳза пас хабар омад, ки Маҳина худро ба дарё партофтааст.
“Ду кӯдак давида омаданд, ки зани акаи Султон худашро ба об партофт. Ман худамро зада, нафаҳмидам, ки кӯдакро аз дасти ман кӣ гирифт. Султон аз дар давида баромад. Гуфтам, Султон хонаат сӯхт, арӯсат худашро ба об партофт. Писарам мехост, худашро ба об партофта, ҳамсарашро халос кунад, аммо дер шуда буд,” -- нақл кард Арӯс Назарова.
“Гуфт, писарамро аз ман мегиранд”
Маҳинаи Холаҳмад, сокини 23-солаи деҳаи Хоҷаалии ноҳияи Рашт, рӯзи 4-уми август худро аз болои пул ба дарёи Сорбоғ партофт. Ин пул дар наздикии хонааш ҷойгир аст. Лаҳзаи худро ба об партофтани Маҳинаи Холаҳмадро дурбини як мағозаи наздик сабт кардааст. Ҷасади ҷавонзанро баъди 20 рӯз чанд деҳа поинтар пайдо карданд.
Худкушии Маҳинаи Холаҳмад дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бархеҳо навиштанд, гӯё баъди талоқ гирифтан, падари Маҳина розӣ нашуд ӯро аз хонаи шавҳар орад. Назаре, ки модари Маҳина рад кард ва гуфт, шавҳараш аз қазия хабар надошт.
Зулайхо Олимова, модари Маҳина дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд соат пеш аз ҳодиса духтараш ба ӯ занг зада гуфт, ки ӯро аз хона берун кардаанд. Ба гуфтаи Олимова, “ӯро аз хона берун карданд, духтарам дар роҳ мондааст. Ба ман занг зада гуфт, ки биёед, маро баред. Гуфтам аз хона набаро, ки талоқ нашавӣ. Ба хотире, ки ту дар батнат кӯдаки чормоҳа дорӣ ва ҳам дар дастат кӯдак дорӣ, ба хотири Усмон. Духтарам гуфт, ки Усмонро гирифтанианд. Гуфтам, ҳақ надоранд.”
Видеоро дар инҷо бинед:
“Ман ҷон додам”
Маҳинаи Холаҳмад ду сол пеш бо Султон Назарзода аз деҳаи ҳамсоя оиладор шуд. Як фарзанд дошт ва мунтазири ба дунё омадани тифли дувумаш буд. Хушдоман иддао дорад, ки келинаш феъли якравӣ дошт ва писарашро таъна мекард. Модари Маҳина баръакс хушдоман ва домодро ба азияти духтараш гунаҳкор мекунад.
Султон Назарзода, шавҳари Маҳинаи Холаҳмад ба иттиҳоми ба худкушӣ расондани ҳамсараш боздошт шудааст. Арӯс Назарова, модари Султон Назарзода мегӯяд, “фарзанди ман ба ин дараҷа айбдор нест.”
Зулайхо Олимова талаб дорад, ки домод ҷазои сахт гирад: “Ҷазои сахттарин бинад. Ман ҷон додам, духтарамро арӯс карда бурда додам.”
Ҳодисаҳои худро ба об партофтани занон дар Тоҷикистон нав нест ва дар чандин минтақаҳои кишвар рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2021 беш аз 500 мавриди ва қасди худкуширо сабт кардааст, ки нисфи онҳо занон буданд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ мегӯяд, хушунати оилавӣ, муддати дароз дар муҳоҷират будани ҳамсарону падарон ва вазъи ноустувори моддӣ аз сабабҳои асосии дилсардӣ аз зиндагӣ мебошад. Дигарон аз хушунату шиканҷа дар хонаводаҳо мегӯянд.
Гуфтугӯ