Додгоҳи вилояти Хатлон, Миҷгона Бегматова, як зани ҷавонро бо ҷурми қатли бераҳмонаи хушдоманаш ба 18,5 соли зиндон маҳкум кард.
Дугонаи ӯ, Мадина Нурмаҳмадзода, ки дар ин куштор шарик дониста мешавад, барои 17,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Як ҳафта пештар аз ин, дар ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи 25-сола, барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
Сабабу иллат ва омили муноқиша миёни хушдоману келинҳо чист?
Дар барномаи "Гапи озод" ин мавзуро бо Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ аз хориҷи Тоҷикистон ва Маҳинбону Давлатова, хабарнигор, ки ин мушкилро дар ҷомеа пайгирӣ мекунад, баҳс кардем.
Чанд иқтибос аз барнома:
Муззама Қодирова: Хушдоманҳо, чи тавре ки буданд, ҳамин хел мондаанд. Чӣ тавре ки 20 сол пеш, 30 сол буданд, ҳамин хел ҳастанд. Фикру ақидаи онҳо тағйир наёфтааст. Ҳамонтавре дар гузашта буданд, то ҳол ҳамон хушдоман мондаанд. Лекин азбаски технология пешрафтааст, интернет пеш рафтааст, арӯсҳо, яъне келинҳо пештар рафтаанд. Инро яке аз сабабҳо медонам, дуввум онҳо аз ҳаққу ҳуқуқи худ ва қонунҳо бехабаранд.
Маҳинабону Давлатова: Инҷо гуфтанд, ки онҳо аз ҳаққи худ хабар надоранд, вале ба назари ман, онҳо медонанд, чунки аз тариқи расонаҳо мехонанд, ки ҳар нафаре даст ба ҷиноят мезанад, барои кучактарин ҷиноят ба ҷазо кашида мешавад. Вале, вақте ки онҳо ба андозаи зиёд таҳти таҳқиру фишор дар хона қарор мегиранд, барои таскини дилашон, барои роҳи халосӣ даст ба куштору худкушӣ мезананд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Радиои Озодӣ: Шумо агар хушдоман бошед, чӣ тавр рафтор мекардед?
Муаззама Қодирова: Агар ман худамро ба ҷои хушдоман гузорам, кӯшиш мекунам, ба зиндагии келину писарам дахолат накунам, кордор нашавам ва онҳоро дар алоҳидагӣ, яъне ҷудо мекунам, ки мустақил бошанд ва на падару модари келин ва на падару модари арӯс ҳар соат ва ҳар лаҳза дахолат надошта бошанд.
Маҳинабону Давлатова: Ман мехоҳам, аз собиқаи корие, ки дорам суҳбат кунам. Масалан, ҳолатҳое ҳаст, ки келин дар Аврупо ва хушдоман дар Душанбе қарор дошт ва тавонист аз ҳаминҷо таъсири манфии худашро расонаду ба зиндагии писару келинаш таъсири манфӣ расонад. Фикр мекунам, масофаҳо ҳеҷ таъсире надоранд ва фарқе намекунад, ки якҷо ҳастанд ва ё дур ҳастанд, вале агар хушдоман нек набошад, таъсири худро метавонад расонад.
Агарчӣ дар бораи ҳамлаи келинҳо ба хушдоман мисол овардем, дар амал ҳодисаҳои азияти келин аз тарафи хушдоман ва наздикони домод зиёд ба чашм мехӯрад. Хонуми ҷавон, ки баъзан аз хонаи падар берун нашудааст, мустақиман баъди хатми мактаб ба шавҳар дода мешавад. Дар оилаи нав ба ӯ мисли хизматгор муносибат мекунанд ва агар ба падару модар шикоят намояд, ба ӯ машварат медиҳанд, сабру таҳаммул кунад.
Радиои Озодӣ: Ахиран дар додгоҳи ноҳияи Файзобод хушдоманеро барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карданд. Манораи Абдуфаттоҳ худро бо 26 зарбаи корд ба ҳалокат расонд. Ҳамин тариқ келинҳои зиёде дар суҳбат бо вакилони мудофеъ шикоят кардаанд, ки хушдоман дар хона на мисли як модар, балки ҳамчун генерали фармондеҳ амал мекунад, ба ин ҳарфҳо розӣ ҳастед?
Муаззама Қодирова: Ҳатто дар дин гуфта шудааст, ки ҳақ надоред, келинро ҳамчун ғулом қабул кунед. Келин уҳдадор нест, ки хизмати хушдоман ва авлоди шавҳарашро кунад. Ин ба маънои беэҳтиромӣ нест, ӯ ӯҳдадор аст, ки хизмати шавҳарашро кунад.
Маҳинбону Давлатова: Ман то андозае тарафдор ҳастам, чунки мо модаронро эҳтиром мекунем ва ҳар амру нозе, ки доранд, болои дида мегузорем. Бубинед, як модар, ки 50 сол дорад ва ё бештар аз ин, вақте писарашро хонадор мекунад, мехоҳад арӯси хона ба мисли ӯ таҷриба дошта бошад ва аз келин талаби зиёд меекунад, ки дар натиҷа писар ба хотири раҳо шудан аз ин кашмакашҳо талоқи занашро медиҳад.
Гуфтугӯ