Масъулони Хадамоти алоқа эътироф карданд, ки "сатҳу сифати Интернет" дар Тоҷикистон "суст" аст. Дар гузашта баръакси инро мегуфтанд. Эътирофи онҳо пас аз як танқиди раиси ҷумҳур садо дод, аммо муштариёну мутахассисон ба тағйироти ҷиддӣ бовар надоранд.
"Ширкатҳои мобилӣ вазифадор шуданд, ки..."
"Дар ҳақиқат, сатҳу сифати интернети мобилӣ суст аст." Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ баён кард.
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки бо изҳороти баҳсбарангезаш маъруф аст, дар нишасти хабарӣ набуд. Муовинаш гуфт, "барои ҳалли мушкили интернет ба ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон рафтааст".
Илҳомҷон Атоев афзуд, барои барраси нарх ва суръати Интернет як ситод таъсис ҳам доданд: "Мутахассисон ва ширкатҳои мобилӣ вазифадор шудаанд, пойгоҳҳоеро, ки муштариро бо низоми интернети мобилӣ пайваст мекунад, зиёд кунанд. Пеши роҳи худсарона хомӯш кардан ё канда гирифтани пойгоҳҳо низ гирифта шавад."
Ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон аз Хадамоти алоқа талаб кард, ки минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдастро бо интернети суръаташ баланд таъмин кунанд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуш пазируфтанд. Коршинос Амони Асрор мегӯяд, "раиси ҷумҳур бештар аз он нигарон буд, ки ҷаҳонгардон ба кишварҳое мераванд, ки суръати Интернет болост, на озодии интернет. Шояд пас аз шикояти хориҷиён ба ин масъала рӯй овард. Вагарна суръати Интернет чанд сол боз бад аст ва мардум ҳар рӯз менависанд."
Дар моҳи декабри соли гузашта низ барои поин овардани нарх ва боло бурдани суръати Интернет дар Тоҷикистон дастур шуда буд, аммо зоҳиран мушкил мондааст. Масъулони Хадамоти алоқа ин дафъа низ ваъда доданд, ки "барои боло бурдани суръати Интернет ва поин овардани нархи кӯшиш доранд," вале замони мушаххаси онро нагуфтанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Корҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ"?
"Дар бораи нархи Интернет корҳои ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам технологӣ ба роҳ монда шудааст. Рӯзҳои наздик амалӣ хоҳад шуд. Дархости заруриро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ фиристодем. Дар ин самт ҳамкорӣ дорем, иқтисоддонҳо кор карда истодаанд," – шарҳ дод Илҳомҷон Атоев.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Айби блютуз, кӯҳҳо ё телефонҳо? Чаро суръати Интернет дар Тоҷикистон суст аст? ВИДЕОНигарониҳо аз нархи боло ва сифати поини Интернет дар Тоҷикистон борҳо аз забони сокинону коршиносон садо додааст. Муштариёни Интернет дар Тоҷикистон ба тағийр ёфтани вазъ чандон бовар надоранд.
Бархе мегӯянд, пас аз интиқоди президент эҳтимол дигаргуние шавад, вале ин ба он бастагӣ дорад, ки мақомоти дахолдор то куҷо масъаларо ҷиддӣ мегиранд. Дар умум ҳама ба зарурати он таъкид мекунанд. “Дар асри 21 зиндагӣ мекунем ва бе Интернет тасаввур карда наметавонем. Маълумотро бидуни интернет пайдо ва паҳн кардан намешавад,” – гуфт рӯзноманигор Мутриба Тӯйчизода.
Бозори Интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком", як идораи таҳти назорати Хадамоти алоқа аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд.
Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" бихаранд. Тибқи иттилои расмӣ, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар мерасад.