Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айби блютуз, кӯҳҳо ё телефонҳо? Чаро суръати Интернет дар Тоҷикистон суст аст? ВИДЕО


Баҳонаи муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон баҳси зиёдро бапо кард. Дар ҳоле ки мардум ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқаро ба танзими, ба гуфтаашон, нодурусти Интернет танқид мекунанд, Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл гуноҳро ба дӯши муштариён гузошт.

Ӯ гуфт: "Пушти ягон ширкатро гирифтанӣ нестем. Айб аз нофаҳмӣ ва нодуруст истифода бурдан аст. Як шаҳрванд омад ва даъво кард, ки интернеташ зуд тамом мешавад. Дидем, ки ҳама системааш рӯшан аст. Ҳам блютузаш ва ҳам "передача данних".

Дар ду соли охир ин изҳороти севум ва баҳсбарангези муовини Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар бораи суръати сусти Интернет аст. Илҳом Атоев соли 2021 чунин баҳона пеш оварда буд: "Агар телефони мобилӣ дастгоҳи базавие, ки қолаби 3G ё 4G надорад, суръати Интернет паст мешавад."

Аз он пеш, дар соли 2020, кӯҳҳо ва мавқеи ҷуғрофиро сабаби асосӣ номид: "Масъала пеш аз ҳама аз мавқеи ҷойгиршавии кишвар вобаста аст."

Баҳси суръату сифати Интернет дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Баҳонаҳои пайиҳам ва булаҷабу ба ҳам зидди раҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон корбаронро дар сомонаи Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хашмгин кардааст. Иддае онро "шармовар" хонда, дигарон мансабдоронро ба нақшофарӣ ва дурӯғгӯйӣ ба мардум муттаҳам кардаанд. Яке аз онҳо пурсидааст, “инҳо бесаводанд, ё фикр мекунанд, ки мардум бесаводанд?”

Корбаре бе зикри ном дар сомонаи Радиои Озодӣ нигоштааст, мақомот мехоҳанд, ки мардум аз Интернет дур бошанд ва сабабашро ҳам гуфтааст: “Инро махсус чунин мекунанд. Сиёсати хирадмандона ҳамин аст, ки халқ ба Интернет камтар дарояд ва аз ҳуқуқи худ камтар огоҳ шавад.”

Парвиз ҳам дар Ютуб бо айни мазмун фикрашро навиштааст: “Суръати баланди Интернет ба мақомот лозим нест. Мардум аз Интернет истифода баранд, асли ҳама кору борро мефаҳманд. Ба онҳо мардум чӣ қадар бесаводтар бошанд, ҳамон қадар хубтар.”

Бисёре аз шарҳнависон баёнияи муовини раиси Хадамоти алоқаро дар бораи гуё “интернетхӯрӣ”-и блютуз ба баҳс гирифта, онро “афсонаи муосир” номидаанд. “Нурек Тҷ” дар Ютюб гуфтааст: “Ҳеч чизро нафаҳмидам. Пулашро бо суръати баланд мегиранд, аммо Интернетро бо суръати паст медиҳанд. Инҷо блютуз чӣ дахл дорад? Ман ҳайрон.”

Қиёмиддин Муҳиддинов шӯхиомез “хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ”-ро гунаҳкор донистааст. Бах Пӯлод гуфтааст, беҳтар аст, чунин мансабдорон дар театр кор кунанд, чун ба бовараш, “намоишномаи беҳтарин хоҳанд навишт ва намоиши беҳтаринро рӯйи саҳна хоҳанд овард.”

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки гапи муовини раиси Хадамоти алоқаро дуруст шумурдаанд. Яке аз онҳо ба номи Қаҳҳор гуфтааст: “Барои телефонҳои имрӯза Интернети белимит лозим аст. Гапи ҷонишини раиси Хадамоти алоқа рост аст. Траффик дар пеши телефонҳои нав ҳеҷ чиз намешавад.”

Бахше дигаре аз шарҳнависон аз он шикоят кардаанд, ки дар ҳоле суръати Интернет суст аст, арзиши он дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа болост. Шарҳи Ҷамшед Орифиёнро аз Фейсбук чунин аст: “Дар Тоҷикистон тақрибан нархи ҳар навъ хадамот қиматтар аз кишварҳои ҳамсоя аст. Масрафи убури роҳи пулакӣ 10 баробар қиматар аз шоҳроҳи Қазоқистон аст. Ба 85 сомонӣ дар Узбекистон бастаи якмоҳаи Интернети босуръати 4G ба андозаи 50 Гб харида метавонед. Дар Русия ва Қазоқистон аз ин ҳам арзонтар шояд бошад.”

Бинара Искандарова навиштааст, дар Тоҷикистон фақат суръати нарх баланд аст, суръати боқимонда ҳама чиз – суст. Корбари дигар гуфтааст, на инки суръати Интернет, балки робитаи мобилӣ низ дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон мушкил дорад. Шарҳаш чунин аст: “Махсусан дар бисёре аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Алоқаи мобилии ширкати “Тселл” хеле паст аст. Дар даруни хона гап зада наметавонанд.”

Шарҳнависе, ки зоҳиран муҳоҷир асту дар Русия кор мекунад, аз мақомот пурсидааст, то кай мардумро ба гуфтааш дар торикӣ ва зулмат нигоҳ медоранд. Шарҳаш ин аст: “Чанд сол аст, проблемаи суръати пасти Интернет дар Тоҷикистон ҳалли худро намеёбад. Ин чӣ гап дар асри 21? Хадамоти алоқа суръати баланди Интернетро таъмин кунед. Одамон, махсусан ҷавонон аз навигариҳои олами илму донишу маърифат бохабар шаванд. Магар дилатон намесӯзад?”

Ва корбаре ҳамаи ин арзу шикоятро дар ҳоли ҳозир “об дар ҳован кӯбидан” номида, баҳсҳоро бо як ҷумла хулоса кардааст: “То рӯзе, ки монополияи соҳа аст, аз ин бадтар мешаваду беҳтар не.” Шумо сабаби суръати сусти Интернетро дар Тоҷикистон дар чӣ мебинед? Назару пешниҳодҳои худро бе таҳқир бинависед, зери барнома бинависед.

XS
SM
MD
LG