Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръату сифати Интернет дар Тоҷикистон: Гуноҳи муштариён ё масъулон? ВИДЕО


Масъулони Хадамоти алоқа як сабаби паст будани суръат ва сифати Интернетро дар Тоҷикистон "истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум" номиданд. Ин дар ҳолест, ки муштариён ҳамеша гуноҳи ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқа медонанд. "Баддиком", як муассисаи таҳқиқотӣ, ду сол пеш гуфта буд, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст.

"Гуфт, ки интернет зуд тамом мешавад, вале..."

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, аз шикояти муштариён дар бораи суръату сифати сусти Интернет хабар доранд, аммо нагуфт, ки нисбати кадом ширкат ва чӣ қадар шикоят расидааст.

Илҳом Атоев
Илҳом Атоев

"Мо пушти ягон ширкатро гирифтанӣ нестем. Дар бештари вақт айб дар нофаҳмӣ ва нодуруст истифода бурдани муштарӣ аст. Як нафар омад ва гуфт, ки интернеташ зуд тамом мешавад. Дидем, ки ҳама функсияҳои телефонаш рӯшан аст," – шарҳ дод Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ.

Чанде аз ҳамсуҳбатони мо дар Душанбе гуфтанд, чӣ гуна истифода кардани телефони мобилиро медонанд ва далели мақомотро намепазиранд. Онҳо мегӯянд, агар ин мушкили як ё ду нафар мебуд, гапи мақомот ҷой дошт, аммо мушкил тақрибан саросарӣ аст.

Фариштамоҳ Гулова, коршиноси фанновариҳои навин, рӯзи 13-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ масъаларо бештар ба набудани рақобат миёни ширкатҳои мухобиротӣ рабт дод.

"То дағал гап назанӣ..."

Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова

Ӯ гуфт: "Вақте ба ширкат тамос мегирӣ, мегӯянд, бубахшед, телефонатонро аз нав хомӯш кардаву рӯшан кунед. Медонам, ин як кори оператор аст, аммо вақте ҳамаи сарнҷишро гузаронда, дубора занг мезанӣ, мегӯянд, ҳанӯз нафаҳмидӣ? То дағал гап назанӣ, Шуморо гӯш намекунанд."

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, гуруҳе аз мутахассисон суръату сифати Интернетро дар гӯшаҳои кишвар санҷида, ширкатҳои мухобиротӣ вазифадор шудаанд, ки барои беҳтар кардани хадамот нақша тартиб диҳанд. Вале ҷузъиёти онро ошкор накард.

Аз тақрибан даҳ миллион аҳолии Тоҷикистон 4 миллиону 200 ҳазор кас ба Интернет дастрасӣ доштаанд.

"Дар дохили шаҳр ҳаст, дар берун нест"

Пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми июл дар пойтахт нишон дод, ки сокинон дар мавриди сифати Интернет назари гуногун доранд. Яке аз онҳо гуфт, "вақте мушкил пеш омад, ба ширкат муроҷиат кардем. Мегӯянд, дастҷамъона муроҷиат кунед, мушкили як нафарро ислоҳ карда наметавонем."

"Сифати Интернет хуб аст, лекин аз он вобаста аст, ки кадом таърифаро гирифтаед. Агар нархаш гаронтар аст, беҳтар аст," -- гуфт дигаре.

Севумӣ илова кард, ки "дар дохили шаҳр Интернет ҳаст, дар берун нест ё бениҳоят суст аст. Хонаи мо дар поёни бозори "Корвон" ҷойгир аст, онҷо Интернет тамоман суст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Аз мақомот пурсиданд, чаро суръати Интернет суст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Дар ҳоле ки шикоятҳо аз кори ширкатҳои мухобиротиву мобилӣ тақрибан ҳар рӯз садо медиҳад, намояндагони ширкатҳо солҳои охир аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ мекунанд.

Бозори Интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" бихаранд. Тағйироте, ки ба назари коршиносон, рушди соҳаро боздошт.

Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои рушди ин соҳа "Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад. Чизе, ки то ҳол аз тарафи Тоҷикистон иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG