Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо ин пул Роғунро месохтем." Э.Раҳмон харҷи телефону интернетро зиёд гуфт, сокинон чӣ посух доданд? ВИДЕО


"Маҷбурем бо наздикони ғарибамон интернетӣ сӯҳбат кунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта мардумро танқид кард, ки барои истифода аз телефону Интернет дар даҳ соли охир 30 миллиард cомонӣ (қариб 3 миллиард доллар) харҷ кардаанд. Пуле, ки ба гуфтаи ӯ, имкон дошт, нерӯгоҳи "Роғун" пурра сохта бишавад. Сокинон мегӯянд, истифода аз мобилу Интернет барои тамоси онҳо бо фарзандон ё падару бародарони муҳоҷирашон, ки моҳҳову солҳо дур аз ватану хонавода кору зиндагӣ мекунанд, муҳим аст.

"Ман бо наздиконам тавассути Вотсап гап мезанам. Албатта, нархи Интернет дар Тоҷикистон гарон аст, аммо роҳи дигаре нест," – гуфт яке аз мусоҳибони мо дар кӯчаҳои Душанбе.

Дигаре афзуд: "Ҳар рӯз бо бародарам гап мезанем. Пагоҳ боз як додарам ба Русия меравад, фарзандонам ҳам дар онҷо ҳастанд. Бояд пайваста бо онҳо суҳбат кунам."

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистоне, ки беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад, тақрибан 8 миллион симкорт фурӯхта шудааст. Нисфе аз мардум ба Интернет дастрасӣ доранд ва ҳамвора аз он истифода мебаранд.

"Агар маблағ намедоштанд..."

Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар паёмаш ба порлумону мардум гуфт: "Дар як сол барои алоқаи мобилӣ 3 миллиард сомонӣ маблағ дода истодаем. Боз мегӯем, ки пул надорем. Фақат барои гап задан дар 10 сол 30 миллиард сомонӣ сарф кардаем. Ин 3 миллиард доллар аст. Агар ин маблағро ба нерӯгоҳи барқии "Роғун" равона мекардем, барвақт сохта будем. Ин пули кам нест. Аз кисаи мардум баромада истодааст. Агар маблағ надошта бошад, телефон намехарад, пули телефон намесупорад."

Коршиносон мегӯянд, президент ҳангоми суҳбат аз харҷи сокинон нагуфт, ки ширкатҳои мухобирот алоқаи мобилӣ ва Интернетро аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехаранд. Даромади асосиро аз ин ҳисоб ҳамин ниҳоди монополист мегирад.

Нархи як гигабайт Интернет дар кишвар 4 доллару 60 сент аст. Ба бовари коршиносон, мушкил на дар истифодабарии зиёди сокинон аз Интернет, балки дар нархи гарони он аст. Маҳз ба ин далел, ба гуфтаи онҳо, харҷи сокинон зиёд зиёд шудааст.

Бино ба гузориши марказҳои таҳқиқотӣ, Тоҷикистон дар миёни 138 кишвари дунё аз рӯйи суръати Интернет дар ҷойи 134-ум аст. Дар радабандии порсола Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор дошт.

Монополия ва нархи гарон

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, гуфт: "Бозори интернет дар Тоҷикистон аз сӯйи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои тобеи он монополия шудааст ва бинобар ин маблағ ё ба буҷаи кишвар ё ба суратҳисоби махсуси ин ниҳоди давлатӣ мегузарад. Монополия шудани ин бозор ба масоили омӯзишӣ ҳам таъсир мерасонад. Алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон гаронтарин дар ҷаҳон буда, аз нигоҳи суръат бадтарин аст. Сабаб ҳам ин таъсиси маркази ягонаи коммутатсионӣ ва монополияи соҳа аст."

Аз тарафи дигар, агар харҷи мардум аз истифодаи Интернет дар Тоҷикистон бештар шудааст, ба гуфтаи коршиносон, мардум дар ҷустуҷӯи хабару гузоришҳои муҳим ба расонаҳои нисбатан озоду мустақили интернетӣ мераванд. Аз ҷумла, онҳо барои боз кардани сомонаҳои басташуда дар Тоҷикистон аз қулфшиканҳо истифода мекунанд, ки ҳам интернети бештар ва ҳам пули зиёдтар сарф мешавад.

“Озодии маҷозӣ ҳам баробари озодии иҷтимоӣ муҳим аст. Ҳукумат бояд дастрасии мардумро ба иттилоъ маҳдуд накунад. Ҳисоб кардани пули кисаи дигарон кори дуруст нест. Мардум беҳуда аз телефони мобилӣ ва интернет истифода намебаранд. Барои беҳтар кардани вазъ бояд ба беҳтар кардани дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон талош кард,” – гуфт Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

Дар умум, ба андешаи коршиносон, гунаҳкор кардани сокинони Тоҷикистон ба харҷи, ба гуфтаи мақомот, беҳудаи маблағ барои истифода аз мобилу Интернет кори дуруст нест. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, маҳз бо гуноҳи мақомот харҷи онҳо бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG