Муҳаммади Султон. Танқиди раиси КДАМ ё ҳодисаҳои Бадахшон?

Муҳаммади Султон

Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва полковник ё сарҳанги мустафъии амният, моҳи июн дар хонааш дастгир ва моҳи сентябри соли 2022 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.

Додрас ӯро ба "Даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет" ва "Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ" гунаҳкор донист. Пайвандонаш ҳукмро бераҳмона хонданд. Муҳаммади Султон дар суҳбат бо бародараш "айбномаро рад карда, худро бегуноҳ шумурдааст".

Муҳаммади Султон дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор карда, сипас, ба навиштаи худаш дар Фейсбук ба кор дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузашт.

Ӯ бознишаста буд, вале пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзуъҳои гуногун фикру назарашро менавишт. Баъзан аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва зердастонаш танқид мекард.

Дар яке аз навиштаҳои охираш, пас аз кофтукови манзили зисташ дар Фейсбук нигошт: "Тамоми қонунҳои хуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С.Ятимов таъқиботи рӯйиросту ғайрисудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, "қаҳрамонона" идома медиҳад."

Ӯ рӯзи 14-уми феврали соли 2022 низ дар мавриди ба хонааш омадани як маъмури амният хабар дода ва тафсилоти вохӯриро чунин баён кард: "Ба ман фаҳмонд, ки ҳамчун "нафақагири Кумитаи амният ин идораро бояд сиёҳ накунам” ва "гурӯҳи мутташаккили ҷиноии бадахшониҳоро" тарафгирӣ нанамоям. Дар акси ҳол вазъам боз ҳам печидатару вазнинтар хоҳад шуд."

Рӯзноманигори тоҷик Рустами Ҷонӣ дар яке аз навиштаҳояш дар Фейсбук бовар дорад, қазияи Муҳаммади Султон ба ҳодисаҳои Бадахшон гиреҳ мехӯрад. "Муҳаммади Султонро ба хотири забони гӯёаш ҳабс карданд. Ӯ ҳам аз паси Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом ва даҳҳо помирии дигар ҷурмашон ин шуд, ки ситами низомро болои мардум тоқат накарданду фарёд заданд," – навишт ӯ.

Мамадсултон Мавлоназаров ё Муҳаммади Султон зодаи ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон аст ва хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи ҳозираи миллии Тоҷикистон.

Саҳифаҳои наздик ба мақомот ҳанӯз соли 2018 ӯро барои изҳори назарҳояш танқид карда буданд. Дар яке аз он матлабҳо, ки ба номи эҳтимол мустаори "Р.Раҳимов" нашру паҳн шудааст, Муҳаммади Султонро "мубаллиғи масири тахрибкорӣ бо ақидаи нолозим" номидаанд. Чизе, ки ӯ дар навиштаҳояш бепоя хонда.

Гузориши бештар дар бораи Муҳаммади Султон

Муҳаммади Султонро пас аз ду моҳи эълони ҳукм ба зиндон бурдаандРӯзноманигор ва полковники тоҷик ҳафт сол зиндонӣ шуд"Муҳлати ҳабси маъмурияш тамом шуд, аммо раҳо накарданд"Афсари пешини амниятро дар боздоштгоҳи Душанбе "ёфтанд"Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) куҷо шуд? ВИДЕО