Пайвандонаш гуфтанд, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-и 72-сола, рӯзноманигор ва афсари пешини амниятро 16-уми июн маъмурони интизомӣ аз хонааш дар Душанбе "бурдаанд", аммо маълум нест чаро ва ба куҷо.
Дар идораи милиса ва додситонии пойтахт дар ин бора ҳарфе намегӯянд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста рафтори мақомотро танқид мекард. Аз ҷумла, дар мавриди ҳодисаҳои Бадахшон низ.
Муҳаммади Султон чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони интизомӣ моҳи апрели имсол кӯшиш кардаанд, ӯро аз хонааш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе маҷбурӣ ба бозпурсӣ баранд.
Наздиконаш рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "9 намояндаи мақомот, ки баъзе ба тан либоси милиса доштанд, субҳи панҷшанбе ӯро аз ҷойи хобаш бардошта бурданд."
Ба иддаои онҳо, "ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад." "Пойи бараҳна ба самти номаълум бурданд ва то кунун даракаш нест," – афзуд яке аз пайвандони ӯ. Ба сабаби ҳассос будани мавзуъ ҳамсуҳбати мо нахост, ки номаш зикр шавад.
Рӯзи панҷшанбе дар Шуъбаи корҳои дохилӣ, Додситонӣ ва Идораи амнияти ноҳияи Синои Душанбе ба пайвандонаш гуфтаанд, дар бораи дар куҷо будани Муҳаммади Султон чизе намедонанд. Мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ ба зангҳои мо посух надоданд.
Муҳаммади Султон дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор карда, сипас, ба навиштаи худаш дар Фейсбук ба кор дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузашт.
Ӯ бознишаста аст. Дар Фейсбук дар мавзуъҳои гуногун фикру назарашро менавишт ва баъзан аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, низ танқид мекард.
Дар яке аз навиштаҳои охираш, пас аз кофтукови манзили зисташ дар Фейсбук нигоштааст: "Тамоми қонунҳои хуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С.Ятимов таъқиботи рӯйиросту ғайрсудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, "қаҳрамонона" идома медиҳад."
Мақомот ба навиштаҳои пешинаи ӯ ва ҳоло дар куҷо буданаш расман вокунише накардаанд. Рӯшан нест, ӯро барои танқидҳояш аз Саймуъмин Ятимов "бурдаанд" ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ё масоили дигар.