Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Тоҷикистон: Усулҳои дигари фишорро низ истифода мебарем. ВИДЕО


Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм дар мақоми сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баъди наздики чор соли коораш ба охир мерасад.

Дар суҳбати ихтисосоӣ бо Радиои Озодӣ сафир аз муҳимтарин дастовардшояш дар чаҳор соли ахир, кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон ва озодии матбуоту мурооти ҳуқуқи инсон гуфт.

Радиои Озодӣ: Муҳимтарин дастовардҳоятонро дар ин мақом дар чӣ мебинад?

Ҷон Марк Поммершайм: Ташаккури зиёд барои ин имконият. Ман сеюним сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳастам ва ин давраи хеле пурчолиш буд. Мо як пандемияи хеле душворро аз сар гузаронидем. Муносибатҳои мо дар давраи пандемия то чӣ андоза қавӣ будани равобити моро нишон дод. Ин муҳим аст, ки мо барои ҳалли мушкилоти асосии ҷаҳонӣ, мисли пандемияи COVID-19 якҷоя кор мекунем. ИМА ба Тоҷикистон беш аз 4 миллион адад вояи воксина фароҳам кард. Ҳукумати Тоҷикистон ин миқдори вояҳо ва ҳамчунин дигар воксинҳоро ҷиҳати мубориза бо пандемия хеле муассир истифода бурд. Гуфта метавонам, ки дар чанд соли охир, ин дастоварди бузургтарин дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ИМА буд. Муносибатҳои мо хеле қавӣ аст. Мо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дидорҳои зиёде доштем. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсоя ва ҳаммарз аст. Ин як нигаронии умдаи амниятӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа аст. ИМА солҳои тӯлонӣ дар ин бахш кор мекунад. Баъд аз берун шудани Амрико аз Афғонистан талошҳоро бештар кардем. Мо ба бахши марзбонӣ, вазорати дифоъ, Горди миллӣ, ОМОН (Гурӯҳи таъиноти махсуси ВКД) ва дигар сохторҳои амниятии ин кишвар кӯмак мекунем. Мо ба Тоҷикистон кӯмаки низомӣ мекунем, ки гуруҳҳои терористӣ аз ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа истифода накунанд. Ин яке аз ҳадафҳои муҳими ИМА дар минтақа аст. Mо барои расидан ба ин ҳадафҳо талоши зиёд дорем. Ман метавонам дар бораи баъзе тарҳҳои бузург сӯҳбат кунам. Иёлоти Муттаҳида барои марзбонҳои тоҷик дар Айвоҷ, сарҳади кишвар бо Афғонистону Узбекистон, бинои нав месозад. Ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳими низомӣ дастрас кардем. Ин тарҳҳо хеле муҳиманд. Мо ҳамкориҳои худро бо муносибатҳои амниятӣ маҳдуд намекунем. Дар бахши иқтисодӣ низ ҳамкории хеле мустаҳкам дорем. Дар бахши тандурустӣ, барои пешгирии бемории сил, мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД низ барномаҳо дорем. Дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин дар бисёр вилоятҳои дигар ба деҳқонон ва занону духтарон кӯмак мекунем, барномаҳои таълимӣ дорем. Шояд ҳамаи онҳо ба мисли COVID-19 ва амният масъалаҳои муҳим набошанд, аммо онҳо дар робита ба ҳамкории умумии мо зарур ҳастанд. Ман аз шарикони худ дар Тоҷикистон хеле миннатдорам. Мо соли гузашта 30-солагии муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтем ва 30 соли ояндаи ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Дар давраи сафириатон муносибати мақомот ва мардуми Тоҷикистон ба ИМА ба кадом самт тағйир кард?

Ҷон Марк Поммершайм: Ман фикр мекунам, ки мо дар маҷмӯъ байни ИМА ва Тоҷикистон муносибатҳои хеле мустаҳкам дорем. Дар сатҳҳои баланд робитаҳои зиёд вуҷуд доранд. Мо дар чаҳорчӯбаи C5+1 (маҳфили вазирони корҳори хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА) мулоқот доштем. Аз ин рӯ, ман метавонам бигӯям, ки ҳамкории хеле хуб дорем ва ман бори дигар дар бораи барномаҳои тандурустӣ ёдовар шудам. Вазорати тандурустӣ шарики хеле хуби мо аст. Тавассути вазорати кишоварзӣ бо мардуми тоҷик ҳамкорӣ кардем, аз ҷумла дар навоҳии ҷануб ва дигар қисматҳои Тоҷикистон. Воқеан кореро, ки мо анҷом медиҳем, бе шарикии ҳукумат амалӣ карда наметавонистем.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, шеваи хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва ба қудрат расидани Толибон дар ин кишвар ба симои ИМА дар Тоҷикистон чӣ таъсир дошт?

Ҷон Марк Поммершайм: Мо равобити худро бо Тоҷикистон муҳим мешуморем. Дар масоили марбут ба Афғонистон ҳамкорӣ мекунем. Тавре гуфтам, дар фазои амниятӣ кор мекунем. Таваҷҷӯҳи мо ба Тоҷикистон дар нақшаҳои дарозмуддат тағйир наёфтааст. Яъне ин ҳимоят аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо ҳамин чизҳоро дар муносибатҳоямон дар 30 соли охир асос мегузорем. Тавре гуфтам, муносибати мо бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тағйир наёфт. Тоҷикистон дар марзҳои худ бо мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ мешавад. Мо ҳамкории худро бо Тоҷикистон дар ин бахш идома медиҳем ва кӯшиш мекунем, барои таъмини амният дар марзҳо ба ин кишвар кӯмак кунем. Умедворам, ки талошҳои моро мардум мебинанд ва медонанд, ки ИМА барои Тоҷикистон чӣ кӯмакҳо мекунад. Мо аз ҳамлаи террористӣ дар марзи Тоҷикистон дар таърихи 7-уми май нигарон будем. Мехоҳем Толибон мувофиқи ваъдаҳояшон мутобиқ ба ӯҳдадориҳои худ амал кунанд ва террористонро дастгирӣ накунанд. Аз ин рӯ, мо бо Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон муколама дорем, ки ин хеле муҳим аст. Дар оянда барои суботи минтақа якҷо кор мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар ҷараёни хуруҷи Амрико аз Афғонистон моҷарое сар задааст, ки бо номи шумо низ рабт дорад. Оё метавонед онро шарҳ диҳед?

Ҷон Марк Поммершайм: Ба фикрам ман фаҳмидам шумо чиро дар назар доред. Пас аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон мо бо ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ҷиҳати берун шудани амрикоиҳо аз он кишвар ҳамкорӣ кардем. Ҳамчунин дар робита бо афғонҳое, ки тавассути Тоҷикистон омада буданд. Дар ин маврид аз ҳукумати кишвар хеле миннатдорем. Тоҷикистон мардумеро, ки бар асари таҳдидҳои Толибон дар зери хатар қарор доштанд, дастгирӣ намуд. Ҳамчунин шуморе аз шаҳрвандони ИМА низ буданд, ки тавассути Тоҷикистон Афғонистонро тарк карданд. Департаменти давлатӣ ва дигарон дар ҳукумати ИМА кӯшиш мекунанд, ки ба шахсоне, ки Афғонистонро тарк накардаанд (манзурам шаҳрвандони Амрико, ки ҳоло ҳам дар онҷо ҳастанд), кӯмак кунанд. Ин як давраи хеле пурташвиш, вале муҳим буд. Айни замон мо ҳамкорӣ бо ҳукуматро оид ба масъалаҳои марбут ба паноҳандагон идома медиҳем. Мо барномаҳое дорем, ки сафорати ИМА тавассути он бо паноҳандагон кор мекунанд. Масалан, дар шаҳри Ваҳдат барои онҳо барномаҳои таълимӣ ва ба мактаби афғонҳои “Сомониён” дар Душанбе кӯмак кардем. Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ба ин корҳо мусоидат мекунанд ва ин кори хеле муҳим аст. Дар муносибатҳои мо ин хеле муҳим аст ва мо ифтихор кунем.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз "усулҳои дигари фишор" гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:30 0:00

Радиои Озодӣ: Дар давраи маъмурияти шумо озодии матбуот ва мурооти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтар шуд ё бадтар?

Ҷон Марк Поммершайм: Бояд гӯям, ки масъалаи ҳуқуқи инсон, озодии матбуот ва озодии дин барои Иёлоти Муттаҳида хеле муҳим аст. Чизе, ки мо кӯшиш мекунем дар саросари ҷаҳон ва албатта дар ин ҷо, дар Тоҷикистон таблиғ кунем. Мо бо ҳукумат муколама дорем ва ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем. Шумо медонед, ки мо машваратҳои дуҷониба доштем, ин масъалаҳоро дар ин ҷо дар Душанбе баррасӣ кардем ва ман гуфта метавонам, ки дар ин масъала мушкилоти муайяне ҷой доранд. Мебинем, баъзе ҳолатҳои сахтеро, ки бо рӯзноманигорон рух медиҳад... ин нагароникунанда аст. Мо бо шариконамон нисбати парвандаҳои Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Улфатхонум Мамадшоева ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳамкорӣ мекунем. Яъне, баъзе аз ин равандҳо ба таври пӯшида сурат мегиранд. Албатта, мо нигарон ҳастем. Мардум дарк мекунанд, ки рӯзноманигорон дар ҷомеа нақши муҳим доранд. Муддате дар Маскав ба ҳайси рӯзноманигор кор кардаам ва медонам, ки рӯзноманигорон бо танқиди худ барои беҳбуди ҷомеа, барои рушди он кӯмак мекунанд. Ман мехоҳам бигӯям, ки агар шумо рӯзномаи “NewYork Times”-ро гиред ва бахши шарҳҳоро бинед, қисми зиёди он дар бораи фасод ва корҳои бад аст. Рӯзноманигорон ин чизҳоро ба таваҷҷӯҳи хонандагон мерасонанд, то мақомот аз он бохабар шаванд ва ислоҳ кунанд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки нақши рӯзноманигорон дар ҷомеа хеле муҳим аст. Мо дар ин масъала бо ҳукумат муколама дорем, вале гапи худро бор намекунем, роҳ нишон намедиҳем. Ҳадафи мо барои беҳбуди вазъ якҷоя кор кардан аст. Умед дорам вазъ метавонад бо гузашти вақт беҳтар гардад.

Радиои Озодӣ: Чаро сафорат дар масъалаи боздошти хабарнигорону блогерҳо вокунише нишон надод?

Ҷон Марк Поммершайм: Агар дар сомонаҳои иҷтимоӣ мушоҳида карда бошед, мо, воқеан, изҳорот нашр кардем. Намояндаи вижаи САҲА дар умури озодии ВАО аз Тоҷикистон дидан кард. Пас аз боздидаш мо изҳороте нашр кардем, ки аз Тоҷикистон тақозо мекунад тааҳҳудоти худро дар робита ба мурофиаҳои ошкоро риоя намояд. Аҳамияти озодии ВАО дар Тоҷикистонро изҳор намудем. Ин танҳо як тарафи масъала аст. Мо усулҳои дигари фишорро низ истифода мебарем. Масалан, гузоришҳои мо оид ба ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола нашр мешавад. Он ба таври хеле муфассал дар бораи ҳолатҳои мушаххас ҳисобот медиҳад ва мо инчунин дар суҳбатҳои алоҳида низ ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем. Ташаккур барои ин савол.

Радиои Озодӣ: Дар ин давра ба Радиои Озодӣ ва шеваи кори он чӣ кӯмаке кардед?

Ҷон Марк Поммершайм: Хуб, пеш аз ҳама ман мехоҳам ба шумо ташаккур гӯям, зеро шумо моро дастгирӣ мекунед. Бо шарофати шумо, мо медонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ воқеаҳо мегузаранд. Гузоришҳое, ки Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон омода мекунад, кори муҳим аст. Тавре ман гуфтам, сафорати ИМА ва шахсан ман ҳамчун сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, ба нақши муҳиме, ки рӯзноманигорон дар беҳтар намудани ҷомеа иҷро мекунанд, бовар дорем. Ба фикри ман Радиои Озодӣ дар ин робита нақши муҳимро иҷро мекунад. На танҳо барои Радиои Озодӣ, балки барои ҳама ниҳодҳо муҳим аст, ки хабарнигорон аккредитатсия дошта бошад, амнияташон таъмин бошад, то кори худро анҷом дода тавонанд ва ҳамчун шохаи чоруми ҳукумат фаъолият кунанд. Мо кӯшиш мекунем ва масъалаи аккредитатсияро дар миён гузоштем.

Радиои Озодӣ: Сарнавишти ҳавопаймоҳои Афғонистон, ки ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, чӣ шуд?

Ҷон Марк Поммершайм: Тавре ки шумо медонед, соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон 17 ҳавопаймо оварда шуд, ки ҳоло сарнавишти ояндаи онҳо баррасӣ мешавад. Ин ҳавопаймоҳо моликияти ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, аммо мо роҳҳоеро ҷустуҷӯ дорем, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини амняти марзҳояш ва тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ онро истифода барад.

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки шеваи коратон ҳамчун сафир бештар ба расондани кӯмакҳои молӣ дар хотирҳо хоҳад монд, на ҳимоят аз сиёсатҳои кишваратон?

Ҷон Марк Поммершайм: Ман фикр мекунам, ки муносибатҳои мо бештар дар бораи кӯмак аст. Дар бораи барномаҳои кӯмак ва лоиҳаҳои рушд сӯҳбат кардам, аммо фикр мекунам, ки онҳо дар бисёр соҳаҳои дигаре ҳастанд, ки мо ҳамкорӣ дорем, аз ҷумла дар бахши амниятӣ. Мо воқеан ҳамкориҳои устувори мубориза бо терроризмро пеш мебарем, ки барои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида низ муҳим аст. Ҳамкориҳои мо дар робита ба вазъи Афғонистон ва минтақаву Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад. Зеро ин ҳамкориҳо, метавонанд мусоидат кунанд, ки кишварҳои минтақа ба ҳам наздиктар шаванд. Мо хеле талош дорем ва боз такрор мекунам, ки ин танҳо кӯмак нест, ин як навъ сиёсати ИМА дар робита ба ҳамкорӣ аст, то робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият ёбад. Ман муколамаҳои сатҳи хеле баландро ёдовар шудам, ки мо доир ба маҷмӯи пурраи масъалаҳои сиёсӣ суҳбатҳо доштем. Масалан, сиёсати ИМА дар робита ба вазъи Украина, ки аз сӯи Русия таҷовуз шуд. Ин масъалаест, ки мо бо ҳамаи шарикони худ атрофи он гуфтугӯ дорем. Аз ҷумла, бо Тоҷикистон низ. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз Украина пуштибонӣ мекунанд. Дар натиҷаи таҷовузи хеле шадиди Русия ҳоло шумораи украиниҳо, ки паноҳанда шудаанд, аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон бештаранд. Ба назари ман, мо дар бораи масъалаҳое сухан меронем, ки бо вазъияти дигар кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин Осиёи Марказӣ вобаста ҳастанд. Ин хеле муҳим аст. Мо мушкилоти ҷаҳониро баррасӣ мекунем. Масалан, Тоҷикистон дар соҳаи об пешсаф аст ва аз ин рӯ, сафир МакКейн имсол ба Тоҷикистон сафар кард, то дар ҳамоиши вобаста ба масоили об иштирок кунад. Мо дар Миср низ мулоқот доштем, то масъалаҳои марбут ба тағирёбии иқлимро баррасӣ кунем. Ин ҳама масъалаҳои хеле муҳиманд. Ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи обшавии пиряхҳо хеле муҳим аст ва ИМА аз ин ташаббусҳо пуштибонӣ мекунад. Тақрибан чор сол аст, ки ман дар ин ҷо ҳастам. Воқеан масоиле, ки сафорати ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба онҳо кор мекунад, бениҳоят зиёд ва ҷолиб аст. Ман аз ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ хушҳол будам.

Радиои Озодӣ: Аз суҳбат бо шумо эҳсос мешавад ки забони тоҷикиро хуб омӯхтед. Муддате ки инҷо будед, аз чӣ хушатон омад?

Ҷон Марк Поммершайм: Ин барои ман як фурсати хуб буд, ки фарҳанги бои тоҷиконро эҳсос кунам. Кӯшиш мекардам ҳангоми мутолиаи шеърҳои тоҷикӣ ва шунидани мусиқии аҷиби тоҷикӣ онро фаҳмам. Ёд дорам, ки пеш аз пандемия имкон доштам, ки ба ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон”, ки дар Бадахшон баргузор шуд, ба шаҳри Хоруғ равам. Дар он ҷо гурӯҳҳои мусиқии амрикоӣ ҳам баромад карданд ва дастаҳои мусиқӣ аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон иштирок доштанд, аз ҷумла санъаткорони Тоҷикистон низ. Мо дар он ҷо зери дарахтони зебо, дар боғи марказӣ, ки кӯҳҳои баланд дар паси мо буданд, менишастем. Ин воқеан таассуроти хеле қавӣ гузошт. Ман мехоҳам бахше аз ашъори шоирони бузурге чун Румиву Рӯдакиро бо худ бибарам. Дар он ҷо чӣ қадар ҳикмат аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама сол донишҷӯи Тоҷикистон шудам. Минбаъд низ корамро дар Вашингтон дар масоили марбут ба Осиёи Марказӣ идома медиҳам. Шояд барои боздид ба Тоҷикистон баргардам.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG